Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 14, 2020 16:05

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 феврали соли 2020 №86
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи ҳифзи
муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Гулмаҳмадзода Д.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 14 феврали соли 2020 №87
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи
амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Анварӣ Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Анварӣ Нигина бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 феврали соли 2020 №88
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Консерваторияи миллии
Тоҷикистон озод намудани Азизӣ Ф.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 феврали соли 2020 №89
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Агентии хариди давлатии
мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Сироҷиддинзода Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Сироҷиддинзода Баҳриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 феврали соли 2020 №90
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори генералии
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сементи Тоҷик»
озод намудани Шарифзода З.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шарифзода Зайнулло Маҳмадулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушода «Сементи Тоҷик» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 14 феврали соли 2020 №91
ш. Душанбе

Дар бораи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити
зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Шерализода Б.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон

Аз моҳи апрели соли 2019 дар вазифаи Мушовири Созмони милали муттаҳид оид ба барномаи муҳити зист ва Агентии рушди ҳамкориҳои байналмилалии Олмон “Рушди неруи Ҷумҳурии Сербия, Черногория ва дигар давлатҳои Балкани Ғарбӣ ва Ҷумҳурии Ботсвана барои ҳамкориҳои самаранок бо Фонди Иқлимии Сабз” кор мекунад.

Соли таваллуд: 25.11.1984                 Ҷои таваллуд: ноҳияи Данғара

 

Миллат: тоҷик                          Маълумот: олӣ

 

Соли 2007  Донишкадаи Техникии Тоҷикистон хатм кардааст

Соли 2011  Донишгоҳи Кассели Олмон-ро хатм кардааст

Соли 2016  то имруз Унвонҷуи факултаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи Милии Тоҷикистон/Маркази байналмилалии сиёсати Аврупо (Centre International de Formation Européenne — CIFE).

Мавзуъ: Созишномаи иқлимии Париж: масъулият ва имкониятҳои Тоҷикистон.

Ихтисос:  1) муҳандис энергетик, 2) Магистр – иқтисодиёти сиёсии ҷаҳон

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: англисӣ, олмонӣ ва русӣ озод

Вакили халқ ҳаст ё не: нест

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 2006-2007 Тарҷумони ташкилоти КАРЕ (CARE) Интернэйшнл дар Тоҷикистон
Солҳои 2007-2008 Ёрдамчии маъмури ташкилоти КАРЕ (CARE) Интернэйшнл дар Тоҷикистон
Солҳои 2012-2013 Менеҷер-маъмур ва робита бо ҷомеа дар ташкилоти Акт Осиёи Миёна (ACT Central Asia)
Солҳои 2012
то феврали 2017
Устоди Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону-Руссия, Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон
Солҳои 2013
то феврали 2014
Менеҷер оид ба PR ва коммуникатсия дар Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон
Солҳои 2014 -2015 Мутахассиси Маркази тағйирёбии иклим ва қабати озон, Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон/Барномаи пилотии Бонки Осиёии Рушд оид ба устувории иқлимӣ
Солҳои 2015
то феврали 2018
Мушовири барномаи Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) оид ба Фонди иқлимии сабз дар Тоҷикистон Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2015-2016 Мушовир дар таҳлили бизнеси инклюзивии Бонки Осиёии Рушд дар ҳамкори бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2017
то 2019
Мушовир дар барномаи пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба занони соҳибкор дар Тоҷикистон Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд
Аз 9 апрел
то 10 ноябри 2018
Менеҷери Барномаи арзёбии лоиҳаҳои Фонди иқлимии инвеститсионӣ/ Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (лоиҳаи Таҷдиди НБО-и Қайроқум ва Климадапт-қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорони хурду миёна)
Аз 1 марти 2018
то марти 2019
Мушовири Барномаи гузариш ба энергияи сабз дар Олмон, Агора Энергивенде/Александр фон Хумболдт, Берлин, Ҷумҳурии Федеративии Олмон
Аз моҳи апрели соли2019
то августи 2019
Мушовири Созмони милали муттаҳид оид ба барномаи муҳити зист “Рушди неруи Сербия, Черногория ва дигар давлатҳои Балкани Ғарбӣ барои ҳамкориҳои самаранок бо Фонди Иқлимии Сабз”
Аз моҳи августи 2019
то декабри 2019
Мушовири лоиҳа оид ба арзёби сандуқи молиявӣ, ва оид ба технологияҳои муосири Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ
Аз моҳи ноябри 2019
то феврали 2020
Мушовири барномаи Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) (оид ба дастраси ба Фонди 2019 то декабри 2019 иқлимии сабз дар Ҷумҳурии Ботсвана

Sheralizoda Bahodur Ahmad

From April 2019 woks as a Consultant in the UN Environemnt Programme (UNEP) and German Development Agency (GIZ) on Developing the capacities of the Republic of Serbia, Montenegro and other Western Banlkan countries as well as the Republic of Botswana for an effective engagement with the Green Climate Fund.

 

Date of birth: 25.11.1984               Place of birth: Dangara district

 

Nationality: Tajik                              Education: Degree

 

In 2007 graduated Tajik Technical University

In 2011 graduated University of Kassel, Germany

From 2016 to present PhD candidate of the Tajik National University and Centre International de Formation Européenne — CIFE.

Thesis: Paris Climaet Agreement: Committments and Opportunities for Tajikistan.

Profession: 1) Electrical engineer, 2) Master – Global Political Economy

 

Langages: English, German and Russian (fluent)

Member of Parliament: No

Government Award: No

 

Experience:

2006-2007 Translator/Interpreter CARE International in Tajikistan
2007-2008 Administrative Assistant CARE International in Tajikistan
2012-2013 Country Office Manager/Public Relationships ACT Central Asia
2012 — 2017 Teaching Fellow, Russian-Tajik Slavonic University, Technological University of Tajikistan, Tajik National University
02.2013 – 02.2014 Communications Manager, British Embassy in Tajikistan
2014 -2015 Specialist Climate Change and Ozone Center, State Agency for Hydrometeorology of Tajikistan/Pilot Programme on Climate Resilience (Asian Development Bank)
2015-2016 Consultant on Inclusive Business Asian Development Bank in cooperation with Ministry of Economic Development and Trade of the Republic of Tajikistan
11.2015 — 02.2018

 

Advisor on Climate Finance Readiness German Development Agency (GIZ)/ Committee on Environmental Protection under the Government of Tajikistan
2017 — 2019 Consultant European Bank for Reconstruction and Development Women in Business Programme
04.2018 – 11.2018 Consultant European Bank for Reconstruction and Development Green Economy Transition Policy Dialogue: “Climate Investment Fund: Evaluation and Learning Activity” (HPP Qairkkum Modernization and Climadapt projects)
03.2018 – 03.2019 Consultant Energy Transition, Agora Energiewende/Alexander von Humboldt, Berlin, Germany
04. 2019 – 08.2019 Consultant UN Environmental Programme (UNEP)  Developing the capacities of the Republic of Serbia, Montenegro and other Western Banlkan countries
08.2019 – 12.2019 Consultant Central Asia Portfolio Evaluation Programme and Frontier Technology Futures, UK Department for International Development (DFID)
11.2019 – present Consultant German Development Agency (GIZ) in the Republic of Botswana on climate finance and effective engagement with the Green Climate Fund

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 феврали соли 2020 №92
ш. Душанбе

Дар бораи директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва
хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Шарифзода З.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шарифзода Зайнулло Маҳмадулло директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 феврали соли 2020 №93
ш. Душанбе

Дар бораи муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Мирзозода М.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирзозода Музаффар Бурҳон муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 феврали соли 2020 №94
ш. Душанбе

Дар бораи муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Анварӣ Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Анварӣ Нигина муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 феврали соли 2020 №95
ш. Душанбе

Дар бораи директори Муассисаи давлатии
«Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»
таъин намудани Хоҷазода А.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хоҷазода Абдулаҳад Назариён директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 феврали соли 2020 №96
ш. Душанбе

Дар бораи муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ
ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Хуршедаи Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хуршедаи Қодир муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 феврали соли 2020 №97
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми Директори Агентии беҳдошти замин
ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Сироҷиддинзода Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Сироҷиддинзода Баҳриддин муовини якуми Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 феврали соли 2020 №98
ш. Душанбе

Дар бораи муовини Директори Агентии беҳдошти замин
ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҷумазода С.Ҷ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҷумазода Сабур Ҷамол муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 феврали соли 2020 №99
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон
ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ғаффорзода Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ғаффорзода Нигорахон муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 феврали соли 2020 №100
ш. Душанбе

Дар бораи муовини раиси Кумитаи кор бо занон
ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Абдулмаинзода З.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдулмаинзода Зарина Қадамшо муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 феврали соли 2020 №101
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Консерваторияи миллии
Тоҷикистон таъин намудани Достизода М

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Достизода Миралӣ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 14 феврали соли 2020 №102
ш. Душанбе

Дар бораи директори генералии
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сементи Тоҷик»
таъин намудани Саидов А.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Саидов Алишер Норбаевич директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сементи Тоҷик» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Февраль 14, 2020 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд