«ҲАДАФИ АСОСИИ МАН САҲМГУЗОРӢ ДАР ТАЪМИНИ ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН ВА ПОЙТАХТИ ОН — ШАҲРИ ДУШАНБЕ МЕБОШАД». Барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №25-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ

Февраль 11, 2020 12:55

ДУШАНБЕ, 11.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»  барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №25-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро манзури хонандагон менамояд.

Миллати тоҷик аз умқи таърих дорои фарҳанги баланди шаҳрнишинӣ буда, пайваста бо урфу одатҳои нотакрори хеш олами башариятро мафтун ва тасхир намудааст. Тоҷикистон ҳамчун як  ҷумҳурии  соҳибихтиёр таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо иқдомҳои фарогири ҳаёти инсонӣ ҷойгоҳи худро дар сатҳи байналмилалӣ устувор намояд ва ҳамчун давлати  сулҳпарвар ва мубориз алайҳи терроризм ва экстремизм дар минтақа шинохта шавад. Мо пайваста кӯшиш менамоем бо муттаҳидӣ ва сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистон сиёсати устуворро бо амалишавии 4 самти стратегии мамлакат амалӣ намуда, беш аз ҳарвақта қувваи худро баҳри расидан ба зиндагии шоистаи мардум равона карда, Тоҷикистонро ба як давлати обод ва тараққиёфтаи ҷаҳон табдил диҳем. Натиҷаи ин ҷасорат ва гузаштан аз имтиҳонҳои сахти давлатсозӣ буд, ки мо баробари ба истифода додани ду чархаи НБО-Роғун имрӯз дар қатори 6 давлати  дорандаи иқтисодиёти сабз қарор гирифтаем.

Дар ин ҷода, вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ дар пешрафт ва инкишофи илму технологияи замонавӣ, устувор нигоҳ доштани амнияти сартосарии мамлакат ба шумор меравад.

Ман низ чун номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тасмим гирифтаам, ки ба хотири ободкориву созандагии пойтахти азизамон – Душанбешаҳр ва барои рушди устувори Ватани маҳбубамон -Тоҷикистон саҳмгузор бошам.

Нуктаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии ман, ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва сиёсати устуворонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, мақсади асосӣ бо иштироки бевоситаи худ дар фаъолияти мақомоти намояндагӣ мусоидат намудан ва амалӣ гардидани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳояшон баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар бунёди ҷомеаи озод ва саҳмгузорӣ дар пешрафти иҷтимоии ҷомеа, махсусан ба итмомрасонии ислоҳоти соҳаи мактабу маориф бо назардошти арзишҳои умумибашарӣ дар асоси урфу одат, расму оин, ахлоқу одоби миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ ва солимии ҷомеа мебошад.

Мо мақсад гузоштаем тавассути амалӣ намудани нақшаҳои бунёдкоронаю созанда, эҷоди тафаккури олии одобу фарҳанги шаҳрдорӣ, мавқеи башардӯстию сулҳхоҳона, барои ба шаҳри ободу зебо ва пешрафта табдил додани пойтахти Ватани маҳбубамон-шаҳри Душанбе тадбирҳои судманд андешида, сокинонро барои расидан ба зиндагии шоиста равона намоем.

Самти сиёсӣ

-сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар пешрафти давлату ҷомеа арзишманд шуморида, тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷиконро яке аз ҳадафҳои аслии худ қарор додан;

-таҳкими низоми давлатӣ ва татбиқи саривақтиву босифати қонун, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва стратегияву барномаҳои қабулгардида;

-такмили қонунгузории ҷумҳурӣ  ҷиҳати таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва ягонагии Тоҷикистон бо дарназардошти равандҳои мураккаби ҷаҳонишавӣ ва вазъияти ҷаҳони муосир;

-таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба хотири ҳифзи амнияти сокинони шаҳр ва мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканӣ, пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ;

-иҷрои босифати буҷети шаҳр, таъмини шаффофият ва истифодаи сарфакоронаи даромаду хароҷоти он ва пешгирии исрофкорӣ;

-баланд бардоштани ҳисси инсондӯстиву меҳмоннавозии сокинони шаҳри Душанбе, ҷиҳати амалишавии стратегияи сайёҳии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-баланд бардоштани маърифати зеҳнии сокинони пойтахт ва риоя намудани бандҳои «Маромномаи сокини пойтахт»;

-таҳкими низоми самарабахши худидоракунии маҳаллӣ, ки асоси ҷомеаи шаҳрвандист;

Самти иқтисодӣ

-саҳмгузорӣ дар ташаккули минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавии равандҳои иқтисодӣ ва заминаҳои қонунии он;

-тавсеаи ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатии мамлакат, вазорату идораҳои соҳавӣ, мусоидат ба ҷорӣ кардани технологияҳои нави илмию инноватсионӣ дар истеҳсолот бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегии ҷумҳурӣ — саноатикунии босуръат;

-таҷдиду бунёди корхонаву коргоҳҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва ҳарчи бештар таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва кам кардани сатҳи бекорӣ барои ҷалб намудани ҷавондухтарони бекору хонашин;

-ҷалби соҳибкорони ватанӣ барои бунёди муассисаҳои таълимӣ ва майдончаҳои варзишии хуштарҳу замонавӣ барои сокинони шаҳри Душанбе;

-ҷалб намудани ашхоси бонуфузу саховатпеша ва соҳибкорони ҳимматбаланд барои таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилии пойтахт, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидан ва дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани онҳо;

Самти иҷтимоӣ

-амалӣ  намудани қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳалли мушкилоти коммуналӣ ва дигар масоили марбут ба шароити зиндагии шаҳрвандони пойтахт;

-таъмини аҳолии пойтахт бо оби хушсифати ошомиданӣ, нерӯи барқ, гармӣ ва назорати қатъии фаъолияти шабакаҳои обрасонӣ ва барқу гармидиҳӣ;

-бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабиву миёнаи умумӣ, фароҳам овардани шароити беҳтар барои кӯдакону наврасони пойтахт, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ, тақвияти интизому одоби ҳамида дар байни кӯдакону наврасон ва ҳамчун насли соҳибмаърифат ба камол расонидани онҳо;

-ғамхорӣ ва дастгирӣ намудани гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробону эҳтиёҷманд ва нафақахўрону собиқадорони меҳнат;

-ба низом даровардани хизматрасонии нақлиётӣ ва таъмини сифатноки хизматрасонии мусофиркашонӣ;

-ба роҳ мондани ихтироъкорӣ ва гирифтани патент ба ихтирооти дар истеҳсолот истифодашаванда;
-мусоидат намудан дар созмон додани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани шароити зисту зиндагонии аҳолии шаҳр;

-ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба барномаҳои омӯзишӣ, пеш аз ҳама, беҳтар намудани дастрасии духтарон ва занон ба таҳсилот;

-ҷалби ҷавонон ба корҳои илмию ихтироъкории инноватсионӣ ва мусоидат ба ҷудо намудани бурсияҳои давлатӣ, инчунин ҷалби олимон ба омӯзиши мушкилоти глобалии сайёра ва минтақа;

-тариқи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе мусоидат намудан ба раванди беҳтар гардидани ҳалли саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон;

Самти фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

-ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзу рушди мероси моддӣ ва ғайримоддии мамлакат, мусоидат ба рушди сайёҳӣ ва фарҳангӣ миллӣ дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ;

-мусоидат ба иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа;

-фароҳам овардани заминаи илмию амалӣ ва идории сиёсати давлатии ҷавонон дар самти дастгирии ташаббусҳои созанда ва барномаҳои соҳибкории ҷавонон;

-ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани бахши фанҳои ихтисосии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, пурра ҷорӣ намудани таҳсилоти фосилавӣ дар зинаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;

-такмили минбаъдаи заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ дар соҳаи фарҳанг, гузариши тадриҷӣ ба низоми худтаъминкунии иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули муҳити сифати нави маънавӣ дар ҷомеа, вусъат бахшидан ба нерӯи эҷодии асили миллӣ ва рағбати фарҳангии шаҳрвандон;

-эътибори ҷиддӣ ба масъалаҳои ободии боғу хиёбонҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт, риояи ҳатмии меъёрҳои экологӣ, тозагиву зебоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, аз ҷумла беҳдошти вазъи хизматрасонии коммуналӣ;

Ҳамватанони азиз!

«Ҳадафи асосии ман монанди ҳар яки шумо саҳмгузорӣ дар таъмини инкишофу пешрафти ҷумҳурӣ ва пойтахти он- шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани барномаи пешазинтихоботии худ ба хотири ояндаи нек ва дурахшони миллати азизамон мебошад!».

Февраль 11, 2020 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Ғолибони озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» қадрдонӣ шуданд
Шурои якуми соҳибкорзанон баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН». Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
31 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳри Душанбе то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 пешбинӣ гардидааст
Дар Душанбе барои таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
«ДУШАНБЕ-ОЯНДАИ ҲУШМАНД ВА УСТУВОР». Таҳти чунин унвон имрӯз Форуми миллӣ оид ба Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ доир шуд
Валентина Матвиенко: «Дар муддати дуюним сол Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи омӯзгорон ботантана таҷлил гардид
Иҷлосияи нуздаҳуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид