Қасри Сафед дар бораи нобуд сохтани саркардаи «Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб» Қосим-ар Раҳимӣ хабар дод

Февраль 7, 2020 09:01

ДУШАНБЕ, 07.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳангоми  амалиёт дар Яман саркардаи гурӯҳи террористии  «Ал- Қоида дар нимҷазираи Араб» Қосим-ар Раҳимиро нобуд сохт. Дар ин бора дафтари матбуоти Қасри Сафед рӯзи панҷшанбе хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ « Ховар» бо истинод ба ТАСС.  

«Бо фармони президенти ИМА  Доналд Трамп дар Яман амалиёти зиддитеррористӣ  анҷом ёфт. Дар натиҷа муассис ва саркардаи  гурӯҳи террористии «Ал-қоида дар нимҷазираи Араб» Қосим-ар-Раҳимӣ, ки ҳамчунин муовини роҳбари гурӯҳи «Ал-қоида» (дар Тоҷикистон мамнуъ) Айман-ал Завоҳирӣ буд, нобуд карда шуд. Ар-Раҳимӣ солҳои 90-ум, ки он замон дар Афғонистон зери дасти Усома бин Лодан кор мекард, ба гурӯҳи «Ал-қоида» пайваст»,- хабар доданд аз хадамоти матбуотӣ.

Тибқи маълумоти хадамот,  «Ал-қоида дар нимҷазираи Араб» ба шаҳрвандони осоишта ҷабру зулм карда, зидди ИМА ва неруҳои ҳарбӣ бо тарҳрезии нақшаҳои худ ҳамла карда, дигаронро ҳам  ба ин кор ташвиқ сохтааст.

Дар хадамоти матбуотӣ ҳамчунин зикр карданд, ки  аз байн бурдани   ал- Раҳимӣ «Ал- Қоида  ва «Ал-қоида дар нимҷазираи Араб» -ро заиф мегардонад.

Дар ин зимн, Қасри Сафед  кай анҷом додани амалиётро хабар надод. Мутобиқи  иттилои рӯзномаи «The New York Times»,  ИМА  дар муддати чанд моҳ ҷои зисти  ал-Раҳимиро муайян карда тавонист. Хадамоти ҷосусии ИМА моҳи ноябри соли 2019  дар бораи  макони будубоши  террорист аз як хабардиҳандаи худ дар Яман маълумот ба даст овард. Баъдтар ИМА ӯро бо кумаки   ҳавопаймои бесарнишин   ҷустуҷӯ намуд. ИМА моҳи январ  ба Яман зарба зад.

Февраль 7, 2020 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд