Берун аз ҳудуди Чин нахустин фавт аз бемории коронавирус ба қайд гирифта шуд

Февраль 3, 2020 10:05

ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Марги нахустин  бар асари коронавируси  2019-nCoV берун аз Чин дар Филиппин  ба қайд  гирифта шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи якшанбе дар Twitter шуъбаи  филиппинии  Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ( ТУТ)   иттилоъ  додааст. 

«Марди 44-сола, ки қаблан  шахси дуюми гирифтори ин беморӣ дар Филиппин буд, 1 феврали соли 2020 вафот кард»,-  гуфта мешавад дар изҳороти ТУТ.  «Ин ҳолати аввалини ба қайд гирифта шудани фавт берун аз Чин аст. Аммо, набояд фаромӯш кард, ки ӯ аз Ухани Чин омадааст»,- изҳор намуд Рабӣ Абейсингх, намояндаи ин ташкилот  дар Филиппин зимни нишасти матбуотӣ, ки тавассути Facebook-и Вазорати тандурустии  ҷумҳурӣ пахш мешуд.

«Дар Филиппин  ду ҳолати  гирифторӣ ба ин беморӣ тасдиқ гардида буд. Ҳарду нафар қаробати наздик  дошта, сокинони Ухани Чин буданд».  Ҳамзамон ТУТ   зикр намуд, ки  маъмурияти беморхонаи  Сан-Лазаро, ки  он ҷо шахсони сироятёфта ҷойгиранд, барои пешгирӣ  ва  мубориза бо ин навъи бемориҳо  тадбирҳои эҳтиётӣ андешид.

Акс : © EPA-EFE/STRINGER

Февраль 3, 2020 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд