Беш аз 400 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон таҳсил доранд
ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов дар соли хониши 2019-2020 495 нафар шаҳрванди ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон ба сифати донишҷӯ дар факултаҳои гуногун шомил шуданд. Албатта, ин бо хуб шудани робитаҳои дӯстона миёни ду давлат ва саҳми арзандаи сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба даст омад. Ин нуктаро имрӯз, 5 феврал ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Шодӣ Сафаров дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.
Зикр гардид, ки имтиҳоноти соли хониши ҷорӣ дар ҳарду низоми таҳсил (кредитӣ ва фосилавӣ) тарзи қабули санҷишу имтиҳонҳоро дар маркази машваратии назди донишкада роҳандозӣ намуд. 92,7%-и донишҷӯён дар имтиҳонҳо иштирок намуданд. Ҷамъбасти санҷишу имтиҳонҳо нишон дод, ки донишҷӯён нисбат ба давраи соли 2018 натиҷаи хуб нишон дода, маҳорати худро дар кафедараҳои варзишӣ хуб натиҷагирӣ намуданд.
Ҳамзамон зимни нишаст аз ҷониби ректори донишкада иттилоъ дода шуд, ки дар донишкада 18 кафедра ва 5 деканат фаъолият менамоянд.








ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд






