«CHAKAN FASHION SHOW»-таҳти ин унвон дар Душанбе намоиши Чакан доир мегардад

Февраль 25, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 24.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. З март дар пойтахти мамлакат бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе намоиши коллексияи нави «Хонаи мӯд»-и тарроҳи шинохта Хуршед Сатторов таҳти унвони «CHAKAN FASHION SHOW» доир мегардад. Намоиши мазкур  ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида мешавад. Дар ин бора тарроҳи маъруфи тоҷик Хуршед Сатторов ба мухбири АМИТ мухбири «Ховар» иттилоъ дод.

Мавсуф иброз намуд, ки «чакан – ин дунёи рангини зебоиҳои ҷаҳон аст, ки тавассути рангбозии риштаву сӯзан дӯхта шуда, бо нақшу нигори нодири худ одамонро ба ваҷд меорад. Чун фасли баҳору Наврӯз фаро мерасад, мо тасмим гирифтем коллексияи нави чаканро  доир намоем, зеро чакан рамзи баҳор дониста мешавад».

Ба андешаи Хуршед Сатторов, ҳар як ранги риштаи дар рӯи матоъ дӯхташуда тасвири зебоии сарзамини маҳбуби мост, ки метавонад умед ба оянда, хушбахтӣ ва озодиро дар дили бинанда бедор созад.

Маҷмӯи нави «Чакан» арзиши олии бадеӣ мебошад, ки дар ҷаҳони санъати ороишӣ ҷои намоёнро ишғол мекунад. Ва ин зебоиро  на танҳо ҳифз, балки рушд бояд дод.

Шояд ҳамин хусусиятҳои хоси чакан буд, ки гулдӯзии чакани Тоҷикистон ба феҳристи Мероси фарҳангии ғайримоддии ҷаҳонии Созмони ЮНЕСКО шомил шуд ва барои намоиш аз чаканҳои тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов низ 20 нусха ба созмони мазкур бурда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки «CHAKAN FASHION SHOW»  3 март, соати 1800 дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси» баргузор мегардад.

Февраль 25, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад