Дар Академияи идоракунии давлатӣ китобхона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Февраль 5, 2020 15:02

ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарият ва устодону кормандон бо теъдоди беш 5 ҳазор китобҳои бадеию сиёсӣ ва беш аз 253 ҳазор китоби электронӣ китобхона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар маросими баистифодадиҳӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Холов, ректори Академия, профессор Абдухалил Ғафурзода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ, устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантон иштирок доштанд.

Профессор Абдухалил Ғафурзода изҳор дошт, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба бунёди китобхонаҳо ва ҷалби наврасону ҷавонон, хусусан, донишҷӯён ба китобхонӣ хеле зиёд буда, ба хотири соҳибмаълумот намудан ва такмили дониши ҷомеа пайваста чораҳои судманд ва натиҷабахш роҳандозӣ мешаванд.

Ҳамчунин  зикр шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ перомуни масоили вобаста ба китобу китобдорӣ, мутолиаи китоб, бавижа,  китобҳои бадеӣ ибрози назар намуда, таъкид кардаанд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Бо назардошти муҳимияти мутолиаи китоб ва нақши он дар баланд бардоштани маънавиёти мардум, ташаккули завқи бадеӣ ва зебоиписандӣ Пешвои миллат ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот дастур доданд, ки чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоб ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Ҳамзамон Сарвари давлат дар Паём дар бораи аз гардиш мондани китоб, ки ҷузъи муҳими  сарвати маънавии ҷомеа маҳсуб меёбад, ибрози нигаронӣ намуда, таъсири пайомадҳои манфии онро барои фарҳанги миллӣ таъкид карданд.

Дар охир иштирокчиёну  ғолибони озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ…», «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Донишҷӯи сол -2019» бо диплом, сипоснома, туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда шуданд.

Февраль 5, 2020 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Истаравшан ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид