Дар Душанбе калонтарин масҷид, ки дар Осиёи Миёна беназир аст, ба истифода дода мешавад

Февраль 8, 2020 11:20

ДУШАНБЕ, 08.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи  ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе, ки яке аз масҷидҳои калонтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин бора аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Лоиҳаи бунёди Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар он таҳти назорати доимии Пешвои миллат қарор дорад.

Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат аст. Масоҳати зери бинои масҷид 3 гектарро ташкил медиҳад ва корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 — солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ гузошта шуда буд.

Лоиҳаи сохтмони ин иншооти барои намозгузорон пешбинишуда аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа аз Тоҷикистону Қатар омода гардида, бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ аз 4 манораи баландиаш 75-метра ва гумбази 47-метра иборат  мебошад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо маслиҳатҳои мушаххас ва завқи баланди зебоипарастии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург тарҳу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳою даромадгоҳҳо ва тамоми дигар корҳои ороишотии дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудаанд. Дар вақти таҳияи лоиҳаи бунёди Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе низ меъморону сохтмончиён пешниҳоду талабот ва тавсияҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки  30 ноябри  соли 2018   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ  Сарвари давлат  барои анҷоми босифати корҳои ороишии толорҳои масҷиди бузург ва ободонию сабзазоркунии майдони назди он масъулинро вазифадор намуданд. Таъкид карда шуд, ки корҳои ороишию кандакорӣ ва чӯбтарошӣ дар ин иншоот бояд мувофиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва риояи санъати меъморию сохтмонии мардуми куҳантамаддуни тоҷик анҷом дода шаванд, то иншоот барои мардуми тоҷик ва нафароне, ки ба диёри мо ташриф меоваранд, садсолаҳо хизмат расонад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоии пурра бо ҷараёни корҳо бори дигар ба мутахассисон барои вусъати корҳои сохтмону ороиши босифати бино ва бахусус ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани толорҳои барои ибодат пешбинишуда, даромадгоҳҳои иншоот ва дарвозаҳои он дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2020 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид