Дар Душанбе калонтарин масҷид, ки дар Осиёи Миёна беназир аст, ба истифода дода мешавад

Февраль 8, 2020 11:20

ДУШАНБЕ, 08.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи  ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе, ки яке аз масҷидҳои калонтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин бора аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Лоиҳаи бунёди Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар он таҳти назорати доимии Пешвои миллат қарор дорад.

Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат аст. Масоҳати зери бинои масҷид 3 гектарро ташкил медиҳад ва корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 — солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ гузошта шуда буд.

Лоиҳаи сохтмони ин иншооти барои намозгузорон пешбинишуда аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа аз Тоҷикистону Қатар омода гардида, бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ аз 4 манораи баландиаш 75-метра ва гумбази 47-метра иборат  мебошад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо маслиҳатҳои мушаххас ва завқи баланди зебоипарастии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург тарҳу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳою даромадгоҳҳо ва тамоми дигар корҳои ороишотии дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудаанд. Дар вақти таҳияи лоиҳаи бунёди Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе низ меъморону сохтмончиён пешниҳоду талабот ва тавсияҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки  30 ноябри  соли 2018   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ  Сарвари давлат  барои анҷоми босифати корҳои ороишии толорҳои масҷиди бузург ва ободонию сабзазоркунии майдони назди он масъулинро вазифадор намуданд. Таъкид карда шуд, ки корҳои ороишию кандакорӣ ва чӯбтарошӣ дар ин иншоот бояд мувофиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва риояи санъати меъморию сохтмонии мардуми куҳантамаддуни тоҷик анҷом дода шаванд, то иншоот барои мардуми тоҷик ва нафароне, ки ба диёри мо ташриф меоваранд, садсолаҳо хизмат расонад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоии пурра бо ҷараёни корҳо бори дигар ба мутахассисон барои вусъати корҳои сохтмону ороиши босифати бино ва бахусус ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани толорҳои барои ибодат пешбинишуда, даромадгоҳҳои иншоот ва дарвозаҳои он дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2020 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ ва роҳпаймоӣ доир шуд
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Пагоҳ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе роҳпаймоӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Дар Китобхонаи миллӣ бо иштироки сардабирони 35 нашрияи даврӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2027» тасдиқ гардид
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-РАМЗИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ ВА ИФТИХОРИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
«ВОХӮРИИ СЕ НАСЛ». Дар Душанбе вохӯрии собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои рӯзгордида ва занону духтарони матинирода доир шуд
Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ насиби шаҳри Душанбе гардид
Дар шаҳри Душанбе 45 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ фаъолият менамояд
МУШКИЛОТИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо мақсади рушди ин соҳа ҳамоиш доир шуд
ЭТИКАИ КАСБИИ РОНАНДАГОН. Дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1» доир ба риояи қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирбарӣ машварат доир гардид
ДУШАНБЕ — МАКОНИ ПИСАНДИДАИ САЙЁҲОНУ МЕҲМОНОН. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо