Дар Душанбе озмуни шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» гузаронида мешавад

Февраль 5, 2020 14:00

ДУШАНБЕ, 05.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» гузаронида  мешавад. Озмуни  мазкур  дар арафаи  таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз ҷамъбаст гардида, барои муайян намудани ғолибони он ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ таъсис ёфт. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмуни шаҳрӣ аз рӯи чор номинатсия 88  ҳазор  сомонӣ ҷудо  намуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.

«Барои ғолиби ҷойи якуми озмун «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10  ҳазор сомонӣ, барои ғолиби ҷойи дуюм «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7  ҳазор сомонӣ ва барои ғолиби ҷойи сеюми  «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ  муқаррар гардидааст»,-афзуд манбаъ.

Тибқи қарори дахлдор, ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ барои муайян намудани ғолибони озмун дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкории пойтахт беҳтарин композитсия, дизайни ҷолиби мавзеи гулзор ва сифати корҳои иҷрошударо  аз назар мегузаронанд.

Гурӯҳи мазкур натиҷаҳои озмунро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 25 марти соли 2020 ҷамъбаст намуда, тибқи муқаррарот ба гурӯҳи кории ҷумҳуриявии озмун пешниҳод менамояд.

Рустами Эмомалӣ  ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додааст, ки  ҳамин гуна озмунро  дар сатҳи ноҳия баргузор  карда, онро то 18 марти соли 2020 ҷамъбаст  намоянд.

Ҷоизи тазаккур аст, ки комиссияи Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ соли 2019 боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Аҳмади Дониш, ба номи Алишери Навоӣ, ба номи Садриддин Айнӣ, «Кӯли ҷавонон», «Ирам», «Ҷавонон» ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро барои иштироки фаъолонаашон дар озмуни «Сайри гули лола»  бо сипосномаи Кумитаи рушди маҳал сарфароз гардонида буд.

Хотиррасон мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018  давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки  моҳи марти соли 2019  рамзи Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо- «Сайри гули лола» барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардида буд. Рамзи  мазкур  аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, дар он гулҳои лола, парасту, хуршед ва рангҳои парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2020 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд