Дар Москва масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Юнонро баррасӣ намуданд

Февраль 27, 2020 09:18

ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26 феврал дар Москва мулоқоти  Сафири Тоҷикистон  дар Россия  Имомуддин  Сатторов  бо Сафири  Ҷумҳурии Юнон дар Федератсияи Россия ва ҳамзамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Екатерина Нассик  баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба  хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар дод, зимни мулоқот оид ба густариши ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла таҳкими ҳамкории  тиҷоративу иқтисодӣ табодули назар карда шуд.

Ҷонибҳо зикр намуданд, ки суҳбати баргузоршуда  муфид буд ва майлу хоҳиши дуҷонибаро  барои  мусоидат ба рушди ояндаи ҳамкории Тоҷикистон ва Юнон ифода намуд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

Февраль 27, 2020 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Гурӯҳи хадамоти ҳавопаймоии «Скай» мулоқот намуд
Дар Душанбе аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли Дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд
Дар Риёз ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Комиссияи синамои Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Миср мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд