Дар ноҳияи Рашт озмуни «Дастархонороӣ» доир гардид
РАШТ, 08.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тарабхонаи «Рӯҳафзо»-и шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо иштироки кадбонувони ҳунарманд аз ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва бо ҷалби васеи мардум озмуни «Дастархонороӣ» дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар озмуни мазкур кадбонувон аз Беморхонаи марказии ноҳия, ҷамоатҳои деҳоти Аскалон, Ҳиҷборак, Ҷафр, Қалъанак, Навдӣ, Қалъаи Сурх, Нусратулло Махсум, Боқӣ Раҳимзода, Тагоба ва шаҳракҳои Ғарму Навобод фаъолона иштирок намуда, тибқи шартҳои низомнома барои моҳирона оростани дастархон, дилписанд будани дастархони оросташуда, мавҷудияти таомҳои миллӣ ва ба замона мутобиқ кардани ороиши дастархон рақобат намуданд.
Дар натиҷа Ҷамоати деҳоти Аскалон бо гирифтани 280 хол соҳиби ҷойи якум гардид.
Мақсад аз баргузории озмуни мазкур- ин эҳёи таомҳои миллӣ, сарфаю сариштакорона оростани дастархон ва истифодаи бештари маҳсулоти маҳаллӣ зимни густурдани хон мебошад.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






