Даромади Москва аз ҳисоби патентҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2019 5,2% афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2019, даромади буҷети Москва аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патентҳои меҳнатӣ кор мекунанд, 18,3 миллиард рублро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2018 5,2% зиёд мебошад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора хадамоти матбуоти раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушди Москва иттилоъ дод.
«Шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патентҳои меҳнатӣ дар Москва кор мекунанд, ба буҷети Москва дар соли 2019 18,3 миллиард рубл ворид карданд, ки ин нисбат ба соли 2018 5,2% зиёд мебошад», — иқтибос меорад хадамоти матбуоти сардори раёсат Денис Тихонов.
Соли 2019 дар Москва 463,7 ҳазор патенти меҳнатӣ дода шуд, ки ин нисбат ба соли 2018 2,7% зиёд аст.
Ба гуфтаи Тихонов, нисфи патентҳо ба шаҳрвандони Ӯзбекистон, 38% — ба шаҳрвандони Тоҷикистон, 6% — ба шаҳрвандони Украина ва 3%-и — ба шаҳрвандони Озарбойҷон ва Молдова дода шудаанд.
«Давоми панҷ сол шаҳрвандони хориҷӣ барои кор дар Москва беш аз 2 миллион патент гирифта, ба буҷет тақрибан 77 миллиард рубл ворид карданд. Муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори меҳнати Москва мавқеи махсус дошта, барои ҷойи кор бо сокинони Москва рақобат намекунанд, зеро онҳо асосан дар ихтисосҳое кор мекунанд, ки қобили шуғли сокинони Москва нестанд: гуногуншуғлӣ, дарбонӣ, фаррошӣ ва борбардорӣ. Ҳамаи 100% муҳоҷироне, ки патент гирифтаанд, дар Маркази бисёрҷонибаи муҳоҷират аз ташхиси тиббӣ гузашта, барои донистани забони русӣ имтиҳон супурдаанд», — гуфт Тихонов.
АКС аз бойгонӣ








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






