ДАРСИ ХИЗМАТ БА ВАТАН. Иқдоми ҷавонони ватандӯсти Ҷамоати деҳоти Қашоти ноҳияи Лахш қобили дастгирист

Февраль 27, 2020 14:53

 ЛАХШ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш як гурӯҳ ҷавонони шуҷоатманду ватандӯст ва бо нангу номуси деҳаи Домбрачии Ҷамоати деҳоти Қашоти ноҳияи Лахш Айбек Орунбаев,  Музаффар Ҷуматов, Бахтиёр Маликов ва Миркомил Мурзоев вориди ҳуҷраи кории раиси ноҳия Файзулло Баротзода шуда, бо хоҳиши худашон барои хизмат дар даъвати баҳорӣ ариза навишта, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил ва ба халқу Ватан хизмати софдилона карданро ваъда доданд. Дар ин бора сардори дастгоҳи раиси ноҳияи Лахш Хуршед Икромӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Зимни суҳбат волидони ин ҷавонон  зикр намуданд, ки «имрӯз фарзандони мо бо хоҳиши худашон барои ҳимояи марзу буми Ватан ва зиндагии осоиштаи падарону модарон раҳсипор шуда истодаанд.  Иқдоми пешгирифтаи онҳо қобили дастгирии ҷавонон  ва ифтихору сарфарозии мост».

Як қисми ин ҷавонон иброз доштанд, ки маҳз аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда, шаҳрвандии ҷумҳуриҳои дигарро гирифта,  аз хонаву дар ва меҳру муҳаббати падару модар дур шудани бархе аз ҷавонони ноҳияи Лахш онҳоро водор намуд, ки имрӯз сарбаландона барои иҷрои рисолати шаҳрвандӣ дар қатори дигар ҳамсолонашон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил гарданд.

Воқеан, имрӯз хизмат ба Ватан мояи  ифтихору сарбаландист. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавонмард бояд ин рисолати шаҳрвандиро иҷро намояд. Имрӯз вақти он расидааст, ки ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода намуда, ба онҳо зарурати ба аскарӣ рафтанро амиқу дақиқ омӯзонем.

Вазорати маориф ва илми ҷумҳуриро зарур аст, ки дар баробари  дарси омодагии ҳарбӣ, ки ба хонандагон тарзи истифода аз яроқу дигар лавозимотро меомӯзонад, ҳамзамон «Дарси хизмат ба Ватан»-ро низ ба барномаи мактабӣ ворид намояд. Зеро баъди пурра аз худ кардани ин дарс ва фаҳмидани моҳияти хизмат ба Ватан, ки тавъам бо ҳимояи модару хоҳару хонаву марзу буми хеш аст, ҳар як ҷавон пас аз хатми мактаб бояд дар пеши худ вазифаи аввалиндараҷа- хизмати ихтиёрӣ ба Ватан–Модарро гузорад.

Набояд мисли он ҷавононе рафтор кард, ки баъди хатми мактаб бархе бо ҳар роҳу восита ба мактабҳои олӣ дохил мешаванду гурӯҳи дигар ба кишварҳои хориҷӣ мегурезанд. Пас Ватани моро кӣ бояд ҳимоя намояд?

Тавре Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло мегӯяд:

Кист сарбози Ватан?! Мову туем, мову туем!
Боли парвози ватан?! Мову туем, мову туем!
Сар барафрохта сарбози Ватан мову туем!
Сипари нанги дари бози Ватан мову туем!

Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқолӣ тавонист ҷавонони далеру шуҷоъ, мардони ватандӯсту ватанпарварро тарбия бикунад ва дар қалби ҳар яки онҳо тухми меҳру муҳаббатро бикорад. Ин гуна ҷавонону афсарон барои насли наврасу ҷавони мо мояи ифтихору ибратанд!

Февраль 27, 2020 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд