Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Холмурод Раҳмон: «Нишондиҳандаи ҳаққи хизмати обрасонӣ дар соли 2019 баландтарин арзёбӣ гардид»

Февраль 4, 2020 15:17

ДУШАНБЕ, 04.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мавсими обдиҳии ҳосили соли 2019 новобаста аз мушкилоти ҷойдошта оид ба маблағгузории соҳа муташаккилона гузаронида шуд. Дар ин давра аз ҷониби истифодабарандагони об 81 фоизи арзиши оби додашуда ё ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 3,9 млн сомонӣ зиёд буда, тайи 20 соли охир нишондиҳандаи баландтарин мебошад. Ин нуктаро имрӯз,4 феврал зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон иброз дошт.

Дар ин давра сохторҳои дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ будаи Агентӣ дар 541366 гектар замини корами обӣ бо 59886 нафар истифодабарандаи об шартномаи доду гирифти об ба имзо расонида, ба онҳо дар ҳаҷми 4229,6 млн.метри мукааб бо арзиши 80,4 млн. сомонӣ хизмат расониданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 886,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ ба ҳар гектар заминҳои обӣ 7,8 ҳазор  мукааб метр об расонида  шудааст.

«Вале масъалаи пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ ҳанӯз ҳам яке аз мушкилоте мебошад, ки барои рушди соҳа, хусусан таъмиру барқарорсозии иншооти обёрӣ таъсири худро мерасонад. Бинобар аз ҷониби истифодабарандагони об ва хусусан хоҷагиҳои кишоварзӣ пурра пардохт накардани маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ соли 2019 бақияи қарз аз ин ҳисоб 14,2  млн сомонӣ  ва бо дарназардошти солҳои пешин 135,3 млн. сомониро ташкил менамояд, ки ин дар навбати худ сабаби афзоиши қарзҳои кредиторӣ, аз ҷумла суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳамаи намуди андозҳо гардидааст»,-гуфт директори Агентӣ.

Инчунин зикр гардид, ки бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура ба маблағи 28,56 млн. сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, аз ин ба маблағи 6,5 млн сомонӣ рўёнида шуда, боқимонда  ба маблағи 17,2 млн сомонӣ дар арафаи баррасӣ қарор дорад.

Мавсими обёрии соли 2019 тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бинобар сербориш омадани ҳаво аз 1 апрел оғоз гардида, бо истифодаи то 8,8  млн. кВт/соат неруи барқ дар як шабонаруз то 458 адад дастгоҳи обкашӣ, 63 адад чоҳи амудӣ кор карда, кишоварзонро бо оби обёри таъмин намуданд.

Дар ин давра тариқи пойгоҳҳои обкашӣ бо истифодаи 1411,0 млн. кВт/соат қувваи барқ, бо арзиши 104,39 млн. сомонӣ 5198,8 млн.метри мукааб об бароварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,0 млн. кВт/соат қувваи барқ ва 95,4 млн.метри мукааб об камтар мебошад. Хароҷоти хоси неруи барқ барои баровардани 1 метри мукааб об дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 0,271 кВт/соатро ташкил дод.

Пардохти маблағи истифодаи неруи барқ 31,4 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 5,1 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Февраль 4, 2020 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд