Донишгоҳи давлатии геодезӣ ва харитасозии Москва бо донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ ба роҳ мемонад

Февраль 25, 2020 10:33

ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  24 феврал  аз ҷониби ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон  Нуралӣ  Салихов ва ноиби ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии  геодезӣ ва харитасозии Москва Алексей Степанченко  шартнома  оид ба ҳамкорӣ   ба имзо расид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти донишгоҳ иттилоъ доданд.

Дар ҷараёни  вохӯрӣ масъалаҳои густариши  ҳамкории тарафайн баррасӣ  шуданд.

Яке аз самтҳои фаъолияти муштарак- ин ташкил ва иштирок дар чорабиниҳои якҷояи  илмӣ-таълимӣ, мубодилаи афкори академии муаллимон, олимони  ҷавон ва  донишҷӯён  мебошад.

Донишгоҳи давлатии  геодезия ва харитасозӣ — муассисаи  олии таълимии Москва аст, ки муҳандисони геодезия,  харитасозон, наворгирандагони фазо, меъморон ва ғайраҳоро  омода месозад.

Донишгоҳ соли 1930 дар натиҷаи  навсозии Институти заминсозӣ дар Москва таъсис ёфтааст. Он дар заминаи шуъбаи геодезӣ Институти геодезии Москва таъсис гардид.

Февраль 25, 2020 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид