Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба варзишгарони ноҳияи Рӯшон либос ва лавозимоти варзишӣ туҳфа намуд
ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи дзюдои ҷумҳурӣ ба толори варзишии ноҳияи Рӯшон гилеми махсуси гӯштин ва ба 30 нафар варзишгар либоси варзишӣ (кимано) тақдим кард.
Зимни тақдими ин туҳфаҳо собиқадори соҳаи варзиш, чемпиони чандинкаратаи ҷумҳурӣ аз намуди гӯштини миллӣ ва самбо Сангалӣ Наврузбеков, ки синнаш ба 75 расидааст, чунин изҳор дошт: «Ҳукумати мамлакат воқеан ба тарбияи ҷисмонии кӯдакону наврасон ва ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва аз онҳо танҳо хоҳиш дорад, ки вақтҳои холигии худро ба варзиш бахшанд. Дар муқоиса ба даврони мо шароити имрӯза аз замин то осмон фарқ мекунад. Он замон мо на толор доштему на майдончаву либосҳои варзишӣ. Гоҳе рӯи сабза ва гоҳе дар соҳили дарё, рӯи қум тамрин мекардем. Аммо ба гӯштин шавқи зиёд доштем ва яке аз сабабҳои дастболо гаштани мо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он маҳз ҳамин буд. Ҳар як кумакро қадр кунед, толору либосҳои варзиширо тозаву озода нигоҳ доред, то баъд аз шумо низ дар ин ҷо наслҳои оянда бароҳат тамрин кунанд».
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи мазкур Қаландар Давлатмамадов ба Кумитаи олимпӣ ва Федератсияи дзюдои ҷумҳурӣ барои кумак ва дастгирии пайвастаи соҳаи варзиш изҳори сипос карда, зикр намуд, ки ҳоло дар маркази ноҳия сохтмони варзишгоҳи муосир идома дорад. Қарор аст он то тирамоҳи соли равон ба истифода дода шавад.
Ҳамчунин мавсуф дар ҳузури варзишгарон изҳор дошт, ки бахшида ба ҷашни Наврӯз дар маркази ноҳия аз намудҳои гӯштини миллӣ ва дзюдо мусобиқаи вилоятӣ баргузор шуда, паҳлавонон даъват карда мешаванд.








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад






