ФУТБОЛ: Омодагии дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Анталия Туркия

Февраль 4, 2020 13:50

ДУШАНБЕ, 04.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон  оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар шаҳри Анталияи Туркия ду бозии санҷишӣ анҷом дод. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, аввалин бозии санҷишии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба  муқобили дастаи «Коняспор»-и Туркия доир гардида, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Бозии дуюми санҷиширо футболбозони навраси тоҷик 2  феврал бо дастаи «Виктория»-и Берлини Германия баргузор карда, бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд. Ҳарду голро ҳамлагар Суннатулло Азизов ба ҳадаф расонид. Рақиби сеюми дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи  Озарбойҷон   мебошад. Ин бозӣ 6  феврали соли равон доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки бозии хотимавии санҷишӣ дар шаҳри Анталияи Туркия миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва «Дебресен»-и Венгрия 8  феврал баргузор мешавад.

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи  Тоҷикистон  Аҳлиддин Турдиев  хабар дод, ки  ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия яке аз марҳилаҳои омодагии футболбозони навраси тоҷик ба Чемпионати  Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 16  сентябр то 3  октябр дар Баҳрайн доир мегардад.

Бояд зикр кард, ки барои давраи омодагии  дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар шаҳри  Анталия то 9  феврал идома меёбад, сармураббӣ 26 бозингарро даъват намудааст: 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров (Академияи футболи ФФТ), Суҳробхуҷа Юсупов («Хуҷанд»), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Соро компания»);

Ҳимоятгарон: Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Саидҷон Сафаров, Шаҳриёри Иноятулло, Нурсултон Норбойзода, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ);

Нимҳимоятгарон: Аббос Андалибов, Хусрав Тоиров, Кабир Салимшоев, Меҳрубон Каримов, Алиҷони Айнӣ, Муҷовид Шовайсуддинов, Бежан Нишонбойзода, Қурбоналӣ Муродов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Асадбек Ҷӯразода («Ашт»), Азизбек Далиев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Суннатулло Азизов, Хуршед Давлатзода (ҳарсе аз Академияи футболи ФФТ), Муҳаммадворис Саидалиев («Соро компания»).

Бозиҳои санҷишӣ

31-уми январ (ҷумъа)

Тоҷикистон (U-16) – «Коняспор» (U-17, Туркия) – 1:1

Голи Тоҷикистон: Хусрав Тоиров.

2-юми феврал (якшанбе)

Тоҷикистон (U-16) – «Виктория» (U-17, Берлин, Олмон) – 2:0

Голҳо: Суннатулло Азизов (2).

6-уми феврал (панҷшанбе)

Тоҷикистон (U-16) – Озарбойҷон (U-17)

8-уми феврал (шанбе)

Тоҷикистон (U-16) – «Дебресен» (U-17, Венгрия)

Февраль 4, 2020 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд