Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард аст

Февраль 23, 2020 09:47

ДУШАНБЕ,  23.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Аз соли 1993 то имрӯз,  ҳамасола 23 феврал Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Инак 27 сол аст, ки миллати тоҷик ин рӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамояд.

Бояд гуфт, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити хеле вазнин таъсис ёфтааст. Сарфи назар аз мушкилоти зиёд ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ роҳи пурпечутоберо тай карда, таҷриба андӯхт ва имрӯз он яке аз артишҳои касбии минтақа ба шумор меравад. Имрӯз шароити хизмат дар сафи Қуввҳои мусаллаҳ хуб буда, рӯз ба рӯз шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд, зиёд мегардад.

Тавре сарбози қатории қисми ҳарбии 6593 Муҳаммад  Ибодов  зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуд,  ҳоло шароити хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хуб буда, сарбозон бо хӯрок  ва сару либоси гарм таъмин мебошанд.

«Бояд гуфт, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар як ҷавонмарди бонангу номус аст. Ман 1 апрели соли 2019  бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ омада, муддати 11 моҳ аст, ки  дар ин ҷо хизмат менамоям.  Ҳоло ман хурсанд аз онам, ки сарбаландона хизмати Ватанро иҷро намуда истодаам.  Аз ин иқдоми пешгирифтаи ман падару модарам низ розӣ буда, ифтихор доранд. Тавре маълум аст, ба наздикӣ маъракаи даъвати наваскарон оғоз мешавад. Аз ин рӯ  ба  ҷавонони ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, аз онҳо даъват менамоям, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ накарда, ба ҳифзи Ватан омода бошанд ва дар тинҷиву оромии Тоҷикистон саҳми худро гузоранд»,- гуфт Муҳаммад  Ибодов.

Бино ба зикри  сарбози қатории қисми ҳарбии 3502 Амриддини Садриддин,  хизмати ҳарбӣ метавонад ҷавонро ҷисман обутоб дода, ба мушкилиҳои зиндагӣ сабур ва пуртоқат гардонад. Бояд гуфт, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ на танҳо ҳимоя намудани Ватан аст, балки он идома додани  корҳои ободонию созандагӣ барои  Тоҷикистон ва фароҳам овардани фазои сулҳу  осоишта дар мамлакат мебошад.

«Ман  хатмкардаи Донишгоҳи театрии шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия мебошам. Пас аз хатми донишгоҳ тасмим гирифтам, ки  аввал  хизмати Ватан- Модарро ба ҷо оварда, пасон паи кору зиндагӣ шавам. Зеро барои шахси эҷодкор ва ҳар як ҳунарманд тай намудани ин зинаҳо хеле муҳим мебошад. Чун фаъолият ва нақшҳои меофаридаи ҳунарманд гуногун буда, ӯро зарур меояд, ки  ҳама соҳаро омӯзад»,- зикр намуд Амриддини Садриддин.

Ба гуфтаи номбурда, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ  шарафи бузург буда, ҷавононро мебояд қарзи фарзандии худро иҷро намоянд.

«Дар ҷомеаи имрӯза ҳастанд ҷавононе, ки аз хизмат ба Ватан саркашӣ намуда, нисбат ба он андешаҳои манфиро дар сар мепарваранд. Ман  ҳамчун як тан сарбози Ватан метавонам гӯям, ки шароит дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар сатҳи баланд буда, тамоми  техникаву технология ва таҷҳизоти муосир фароҳам оварда шудааст. Тоҷикистон —  Ватани мо буда, ҳеҷ  вақт ягон нафари бегона  барои халқу ватанамон хизмат ва онро софдилона ҳимоя  намекунад. Пас, бояд мо,  ҷавонони дӯстдори ин марзу бум ва ин обу хок, ки парвардаи домони поки модари тоҷикем,  Ватани худро дӯст дорему баҳри шукуфоияш кӯшиш ба харҷ диҳем»,-  мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Февраль 23, 2020 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд