Хуҷа Каримов аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод гардид

Февраль 17, 2020 17:30

ДУШАНБЕ, 17.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо субъектони хориҷӣ шаҳрванд Хуҷа Каримов дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дастгир гардида, 16  феврали соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  шаҳрвандони мамлакат  муроҷиат  намуда, аз онҳо хоҳиш менамояд, ки агар вобаста ба ҷиноятҳои содир кардаи шаҳрванд Каримов Худжа Рахимович маълумот, далел  ва ё мавриди амалҳои ҷинояткоронаи ӯ қарор  дошта бошанд,  метавонанд тавассути телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21, тариқи рақамҳои 227-10-07, 93-992-01-96  ба Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД муроҷиат намоянд», -изҳор дошт манбаъ.

Хотиррасон менамоем, ки шаҳрванд Каримов Хуҷа Раҳимович (Хуҷа-командир) 1 октябри соли 1960 дар деҳаи Қизил-қалъа, ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон таваллуд шудааст. Номбурда дар содир кардани ҷиноятҳои бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон дар кофтукови расмӣ қарор дошт.

 

Февраль 17, 2020 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид