«ИНТИХОБОТ ВА ЗАНОН». Дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳри Душанбе номзадии 75 зан ба қайд гирифта шуд

Февраль 21, 2020 08:25

ДУШАНБЕ, 21.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 229 номзад ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд, 75 нафарашро (33%) занон ташкил медиҳанд. Дар ин бора сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Бино ба маълумоти номбурда, шумораи номзадҳо ба вакилӣ дар ҳавзаҳои ноҳиявии шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар ноҳияи Сомонӣ 87 нафар (39 зан),  Сино 118 нафар (45 зан), Шоҳмансур 108 (30 зан), Фирдавсӣ 111 (25 зан), дар маҷмӯъ 424 нафар  (139 зан) ба қайд гирифта шудаанд.

«Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба бонувон хеле зиёд гардида, мақоми зан баланд бардошта шуд.  Бо дарки ин нукта бонувон ҳамеша дар татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва амалӣ намудани қонунҳои амалкунандаи мамлакат бо масъулияти баланд саҳми намоён  мегузоранд», — гуфт Наргис Шарифзода.

Зикр гардид, ки хушбахтона, дар маъракаҳои сиёсии солҳои қаблӣ занону бонувон бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсиониашон фаъолона иштирок намуда, ба ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои арзанда овоз медоданд.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид шуд, ки дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат иштироки фаъолонаи занон таъмин карда шавад.

Ба андешаи ҳамсуҳбат, бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан ва солим гардонидани генофонди миллӣ, болоравии нақши зан дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу суббот Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар  бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аз 3 декабри соли 1999 ба тасвиб расид. Дар  банди 2-и фармони мазкур зикр гардидааст, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ занонро бо дар назардошти салоҳиятнокӣ ва сифатҳои касбию кордониашон ба ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, ҷамоатҳо, мақомоти прокуратура ва суд, таълимгоҳҳои олӣ ва дигар муассисаҳои маориф таъйин намоянд.

Номбурда аз шароити муҳайёгаштаи Ҳукумати мамлакат барои занон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ёдовар шуда, изҳор намуд, ки дар ин давра як зумра санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи кафолатҳои баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо”, “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”,  Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 ба тасвиб расида, квотаи президентӣ барои духтарони ноҳияҳои дурдаст таъсис дода шуд.

«Ин ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо-занонро водор менамоянд, ки чун ҳамеша атрофи ин сиёсат муттаҳид гашта, вазифаҳои бар зиммамон гузоштаро сарбаландона иҷро намоем ва дар маъракаи муҳими сиёсӣ-интихобот фаъолона ширкат  варзем», — иброз намуд сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода.

 

Февраль 21, 2020 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд