Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА бинобар коронавирус машқҳои муштаракро ба таъхир гузоштанд

Февраль 27, 2020 12:47

 ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА тасмим гирифтанд, ки машқҳои муштараки барномарезишударо дар робита ба паҳншавии коронавируси COVID-2019 ба таъхир андозанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора «РИА Новости» бо истинод ба Кумитаи муттаҳидаи сардорони ситотҳои Кореяи Ҷанубӣ иттилоъ дод.

Тавре дар изҳороти муштараки низомиёни Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА гуфта мешавад, машқҳо «то дастурҳои минбаъда» ба таъхир гузошта шуданд.

То имрӯз дар Кореяи Ҷанубӣ 1595 ҳодисаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, 334-тои онҳо шабонарӯзи охир сабт гардидаанд. 12 нафар вафот карданд. Сатҳи таҳдиди эпидемиологӣ дар ин кишвар аз «норанҷӣ»-и саввум ба «сурх»-и чорум боло рафт.

АКС: © СС0 Public Domain

 

Февраль 27, 2020 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд