Лоиҳаи мукаммалгардонии системаи идораи таваккал дар мақомоти гумруки Тоҷикистон расман оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 03.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи мукаммалгардонии системаи идораи таваккал расман оғоз гардид, ки дар маросими он кормандони масъули мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея иштирок намуданд.
Муовини аввали Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода, Директори Раёсати банақшагирии иттилоотӣ ва корҳои байналмилалии Хадамоти гумруки Корея Ли Ҷин-ҳи, Сафири Корея дар Тоҷикистон Ли Вучёл дар маросими ифтитоҳи лоиҳаи мазкур зикр намуданд, ки пурра роҳандозӣ гардидани системаи мазкур шароити мусоидро барои суръатбахшии барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ, дуруст ҳисобкунӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ фароҳам оварда, сабаби афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ мегардад.
Зикр шуд, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкории гумрукӣ аз тамоми захираву имконоти мавҷуда истифода бурда, заминаи густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяро фароҳам меоварад.
Мусаллам аст, ки дар доираи «Барномаи байниҳукуматӣ барои
коркарди автоматикунонӣ ва барасмиятдарории гумрукӣ» мутахассисони Корея ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи «Ташкили системаи идораи таваккал барои солҳои 2019-2021» моҳи августи соли гузашта ба Тоҷикистон ташриф оварданд ва Протокол байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея» ба имзо расонида шуд. Санади мазкур ҳадафи лоиҳа ва ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафайнро барои татбиқи лоиҳа, хусусан бозомӯзии кормандони масъули мақомоти гумрук аз ҷониби коршиносони Корея, хариди таҷҳизоти техникӣ барои маркази коркарди маълумоти СИАЯ, барномарезии идораи таваккал ва ҷорӣ намудани барномаи системавии EWACS барои назорати зерсистемаҳои СИАЯ-ро фаро мегирад.
Аз Хадамоти гумруки назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мақсади лоиҳа аз коркард ва насби системаи идораи таваккал бинобар содагардонии барасмиятдарории гумрукӣ ва кам кардани вақти барасмиятдарории гумрукӣ, ки ба пешбурди тиҷорат мусоидат менамояд, иборат мебошад. Татбиқи лоиҳа моҳи августи 2019 оғоз гардида, то охири соли 2021 идома меёбад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Корея бо маблағи 4,5 миллион доллар сармоягузорӣ мегардад.










Дар ниҳолхонаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Лахш беш аз 33 ҳазор бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар ин самт ҳифз ва афзоиш додани ҷангалзор зарур аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Лимӯи Тоҷикистон аз витамини C бой буда, онро бояд дар ҷойи торику салқин нигоҳ дошт
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон ба мавсими нави ниҳолшинонӣ омодагӣ доранд
Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд
БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд






