Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» дар 26 деҳаи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб татбиқ мегардад
ДУШАНБЕ, 15.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори чарогоҳҳо аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» дар 26 деҳаи ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Данғара, Восеъ ва деҳоти шаҳри Кӯлоб иншооти инфрасохторӣ сохта шуд. Аз ҷумла, дар 3 деҳа пулҳои чорвогузар, дар 22 деҳа хатҳои оби нушокӣ ва нуқтаҳои обнӯшӣ барои чорво, инчунин дар 1 деҳа ҳавзи шустушӯи чорво сохта барои истифодабарӣ супорида шуд. Иншоотҳои сохташуда барои саломатӣ ва маҳсулнокии чорво, инчунин пешгирии таназулёбии чарогоҳҳо ва беҳдошти муҳити зист мусоидат менамоянд.
Ин нуқтаро 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ директори навтаъйини Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода иброз намуд.
Инчунин дар нишаст зикр шуд, ки аз ҷониби Лоиҳа бо мақсади бо усули табиӣ беҳтар намудани зоти чорвои калони шохдори аҳолӣ 190 сар буқаҳои зотӣ, ҷумла 101 сар зоти сиёҳ-ало ва 89 сар зоти швитсу-зебумонанд харидорӣ ва барои баҳрагирандагони ноҳияҳои зерҳадафи Лоиҳа дастрас карда шудаанд.








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






