Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид

Ноябрь 26, 2026 19:00

ДУШАНБЕ, 26.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябри соли 2026 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (КБА) Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо бахшида ба 35-солагии баимзорасонии Созишнома дар бораи авиатсияи гражданӣ ва истифодаи фазои ҳавоӣ ва таъсиси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ баргузор гардид.

Тавре аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори Конфронс  Раиси Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ, намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шуро, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло, намояндагони мақомоти авиатсионии давлатҳои иштирокчии Созишнома дар бораи авиатсияи гражданӣ ва истифодаи фазои ҳавоӣ,  роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳои пешбари Федератсияи Русия, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон, Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (ИАТА), Кумитаи иҷроияи ИДМ, Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИА), саноати авиатсионӣ ва институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ иштирок доштанд.

Ҷаласаи конфронсро Раиси Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ, намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шуро, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хабибулло Назарзода роҳбарӣ намуд.

Дар конфронс намояндагони ваколатдори давлатҳои иштирокчӣ доир ба вазъи кунунӣ, дастовардҳо ва дурнамои ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла таъмини бехатарии парвозҳо ва амнияти авиатсионӣ, маъруза намуданд.

Хабибулло Назарзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки 35-солагии имзои Созишнома дар бораи авиатсияи гражданӣ ва истифодаи фазои ҳавоӣ ва таъсиси Шуро оид ба авиатсия ва Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ барои ҷомеаи авиатсионии кишварҳои минтақа рӯйдоди муҳим ба ҳисоб меравад.

«Таъсиси ин сохторҳо бо мақсади нигоҳ доштани фазои ягонаи авиатсионӣ, муттаҳид намудани иқтидори илмию коршиносӣ ва ташаккули равишҳои муштарак дар танзими фаъолияти авиатсионӣ заминаи ҳамкории давлатҳоро фароҳам овард», — илова намуд ӯ.

Таъкид гардид, ки дар тӯли 35 соли фаъолият Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ ҳамчун ниҳоди минтақавии ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ташаккул ёфта, дар таъмини бехатарии парвозҳо ва рушди ҳамоҳангшудаи соҳа саҳм мегузорад.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки тибқи Қарори Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ «Дар бораи самтҳои афзалиятноки ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи нақлиёт барои давраи то соли 2030» таъмини амнияти авиатсионӣ, бехатарии парвозҳо ва густариши ҳамкории давлатҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ аз вазифаҳои асосии сохторҳои соҳавӣ ба шумор мераванд.

Дар идома иттилоъ дода шуд, ки дар давраи фаъолияти худ Шуро зиёда аз 250 санади меъёрӣ ва тавсиявиро дар самтҳои бехатарии парвозҳо, сертификатсия, нигоҳдории қобилияти парвозии ҳавопаймоҳо, таҳқиқи ҳодисаҳои авиатсионӣ ва омодасозии мутахассисони соҳа баррасӣ ва барои татбиқ пешниҳод намудааст. Ин ҳуҷҷатҳо бо дарназардошти стандартҳо ва амалияи тавсиявии ИКАО мунтазам такмил дода мешаванд. Ҳамчунин, Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ аз ҷониби ИКАО ҳамчун ташкилоти минтақавӣ оид ба таҳқиқи ҳодисаҳои авиатсионӣ ва бехатарии парвозҳо эътироф гардидааст.

Ба нишондиҳандаҳои ҷаҳонии соҳаи авиатсия низ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, таюкмд карда шуд, ки танҳо дар соли 2025 ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар ҷаҳон тақрибан 39 миллион парвоз анҷом додаанд ва сатҳи садаманокӣ то як ҳодисаи нохуш ба ҳар 760 ҳазор парвоз коҳиш ёфтааст.

Ба таъкиди Хабибулло Назарзода, дар чунин шароит баланд бардоштани сифати таҳқиқи ҳодисаҳои авиатсионӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Дар ин замина, аз ҷониби намояндагони ваколатдори давлатҳои иштирокчии Шуро Қоидаҳои намунавии таҳқиқи ҳодисаҳои авиатсионӣ ва садамаҳои ҷиддӣ, ки аз ҷониби КБА таҳия гардида, ба Замимаи 13-и Конвенсияи Чикаго мутобиқат мекунанд, барои татбиқ дар давлатҳо тасдиқ шудаанд.

Ҳамчунин, масъалаи мониторинги доимии риояи стандартҳо ва амалияи тавсиявии ИКАО дар соҳаи бехатарии парвозҳо баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки иҷрои ин вазифа ба Шуро ва Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2030 вогузор шудааст.

Дар фарҷом иброз гардид, ки чунин конфронсҳо барои густариши муколамаи касбӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти авиатсионӣ ва таҳияи роҳҳои нави баланд бардоштани сатҳи бехатарии парвозҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Ноябрь 26, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: ҳар як паём ё файлро бодиққат санҷед
Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе сеюмин Форуми байналмилалии ПЛАС «Digital Tajikistan 2026» баргузор гардид
Корхонаи пахтатозакунию равғанбарории ҶДММ «Кони ганҷ»-и Зафаробод бо иқтидори пурра фаъолият дорад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон тавассути шабакаи байналмилалии «Euronews» муаррифӣ мегарданд
Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад
РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 120 хизматрасонии давлатӣ тавассути портали электронӣ дастрас мебошад
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» оғоз шуд
Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия оғоз шуд
САНОАТИ МАЪДАН ВА МЕТАЛЛУРГИЯ. Он яке аз муҳимтарин бахшҳои саноат мебошад
Дар Ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон фурудгоҳи маҳаллӣ сохта мешавад