Мақомоти Чин дар бораи қаллобоне, ки мехостанд аз ҳисоби коронавирус маблағ ба даст оранд, хабар дод

Февраль 7, 2020 11:15

ДУШАНБЕ, 07.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Чин беш аз ҳазор парвандаи қаллобиро дар робита ба паҳншавии коронавирус боз карда, 294 нафарро аллакай дастгир  намудаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба изҳороти Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин иттилоъ медиҳад.

«Айни замон, аз ҷониби мақомоти амнияти ҷамъиятӣ 1116 парвандаи қаллобӣ муайян ва боз гардида, 294 нафар дастгир  ва беш аз 6,6 миллион юан (беш аз 9,1 миллион сомонӣ, — шарҳи АМИТ «Ховар») маблағҳои ғоратшуда мусодира гардидаанд», — омадааст дар изҳороти Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин.

Ба иттилои вазорат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавонистаанд се тарҳи асосии қаллобиро муайян кунанд. Беш аз ҳама ҷинояткорон аз ҳисоби камёфт будани ниқобҳои муҳофизатӣ пул кор кардаанд. Қаллобон дар бораи харидории ниқобҳо ё доштани молҳои зарурӣ дар анбор эълон дода, пас аз гирифтани маблағ рақамҳои телефони харидорон ё шабакаҳои иҷтимоии онҳоро масдуд мекарданд ё сабабҳои гуногуни нафиристодани молро пеш меоварданд.

Тибқи тарҳи дигар, қаллобон худро ҳамчун ташкилоти хайриявӣ вонамуд карда, бо баҳонаи ҷамъоварии маблағ барои мубориза бо паҳншавии ин беморӣ сомонаҳо ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии қалбакӣ таъсис медодаанд ва пас аз гирифтани хайрия ғайб мезадаанд.

Инчунин қаллобон бо роҳи фиреб тавассути гурӯҳҳои мухталифи паёмрасонҳо (мессенҷерҳо) гӯё барои кумак ҷиҳати мубориза бо коронавирус  маблағ ба даст меовардаанд.

Февраль 7, 2020 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид