Маркази тиббии шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Япония бо таҷҳизоти нави муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардид
ДУШАНБЕ, 11.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал дар шаҳри Душанбе маросими анҷом ёфтани лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ барои Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба номи Карим Ахмедов доир гардид. Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯбаи Барномаи кумакҳои бебозгашти Ҳукумати Япония барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) амалӣ гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ “Ховар”.
Дар маросими анҷом ёфтани лоиҳа Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита иштирок ва сухан гуфта, иттилоъ дод, ки аз тарафи Ҳукумати Япония барои татбиқи ин лоиҳа 89,222 доллари ИМА ҳамчун грант ҷудо гардид.
Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба номи Карим Ахмедов ба шуъбаи акушерӣ барои нигоҳубини кӯдакони навзод ба таҷҳизоти ҳозиразамон ниёз дошт. Пас аз бомуваффақ анҷом ёфтани лоиҳа, акнун дар шуъба таҷҳизоти зарурии тиббӣ, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, мониторҳои тиббӣ, инкубатор, лампаи фототерапевтӣ, катҳои кӯдакона ва ғайра насб карда шуданд.
Сафир Мияшита ҳамчунин изҳор дошт, ки лоиҳаҳои Ҳукумати Япония тавонистанд дар рушди соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иншооти инфрасохторӣ, маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ мусоидат намоянд. Лоиҳаҳои мазкур дар тақвияти минбаъдаи ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония нақши муҳим мебозанд.
Дар маросими анҷом ёфтани лоиҳа, дар баробари кормандони Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба номи Карим Ахмедов ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳри Душанбе, инчунин муовини сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Холмирзо Давлатов, роҳбари Маркази тиббии шаҳри Душанбе Хуршед Рустамов, муовинони ӯ Акрам Маҳмадхолзод ва Розия Абдусамадова иштирок намуда, ба ҳукумат ва мардуми Япония барои дастгирӣ изҳори сипос намуданд.










«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






