Мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 18.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва муассисаву идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» таҳти шиори «Ободии Ватан – мароми мо» мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намуди футболи хурд, гӯштини самбо, шиноварӣ, шашка ва шоҳмот ҷараён дорад.
Дар маросими ифтитоҳи он дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи гӯштини самбо баргузор гардид, ки дар он 16 даста, 130 варзишгар, 12 довар ва мухлисон иштирок намуданд.
Дар натиҷа дар ҳисоби даставӣ ҷои аввалро дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷои дуюмро Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С. Раҳимов ва ҷои сеюмро дастаи ММООТ «Манеж» соҳиб гардиданд.
Ба ғолибон аз ҷониби аъзои тадорукоти Шӯрои ҷамъиятии «Динамо» медал, сипоснома, диплом ва туҳфаҳо тақдим карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур то 5 март дар толору ҳавзи варзишии ШҶ «Динамо» ва РБДА ВКД ҶТ гузаронида мешавад.








Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид






