Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд

Октябрь 29, 2026 09:39

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 15-сола ва фестивали ФИФА идома дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи марҳилаи аввали мусобиқа дастаи наврасони Тоҷикистон (U-15) таҳти роҳбарии сармураббӣ Нуъмонҷон Юсупов ҳафт имтиёз ба даст оварда, дар гурӯҳи «E» ҷойи чорумро ишғол кард.

Дар марҳилаи дуюм мунтахаби Тоҷикистон иштирокро дар дивизиони Tier D идома дод. Дар бозии даври 1/16-ниҳоӣ футболбозони тоҷик бар мунтахаби Ҷазираҳои Бермуд бо ҳисоби бузурги 7:1 ғалаба карданд.

Баъдан дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври 1/8-ниҳоӣ бо дастаи Филиппин рақобат карда, бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст овард.

Имрӯз 29 октябр тими наврасони Тоҷикистон (U-15) дар марҳилаи чорякниҳоии дивизиони Tier D бо дастаи Литва бозӣ мекунад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Октябрь 29, 2026 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад