Ҷоми ФФТ: дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ба даври ниҳоии Ҷоми ФФТ роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 29.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар марҳилаи ниҳоии «Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон» барои баромадан ба даври финалӣ бо дастаи «Душанбе-83»-и шаҳри Душанбе вохӯрӣ анҷом дод, ки дар натиҷа бо ҳисоби 4:1 зафар ёфт. Бо ҳамин бозингарони дастаи «Равшан» ба даври ниҳоии «Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон» роҳхат гирифтанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин вохӯрии ҷолиб голҳои дастаи «Равшан»-ро Саидхони Амрохон, Наврӯз Рустамов ва Далер Шомуродов ба ҳадаф расониданд. Ягона голи дастаи «Душанбе-83»-ро Парвиз Ҳамидов ба нишон расонид.
Дастаи дигари вилоят – «Хатлон»-и шаҳри Бохтар шарафи футболи вилоятро дар ин мусобиқа ҳимоя менамуд, ҳарчанд бозингарони дастаи «Хатлон» дар ду бозӣ пирӯзӣ ва дар як бозӣ мусовӣ намуданд, аммо барои вайрон намудани моддаи V Низомномаи мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ФФТ (нодуруст ҳуҷҷатгузорӣ намудани бозингари хориҷӣ) ба бозӣ миёни дастаҳои футболи «Хатлон» — «Кӯктош», ки 21 феврал баргузор гардида буд, (дастаи «Хатлон» бо ҳисоби калони 4:0 ғалаба намуд), ба дастаи «Хатлон» қарори мағлубият бо ҳисоби 0:3 содир гардид.
Аз ин рӯ, дастаи футболи «Хатлон» аз идомаи мусобиқот хориҷ шуд.
Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон 1 марти соли 2020 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.








Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод






