«Ҷоми пойтахт». Ба шарафи Рӯзи Модар миёни бонувон Мусобиқаи варзишӣ оид ба волейболи касбӣ роҳандозӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 24.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи Модар аз 19 феврал то 7 март миёни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанбе Мусобиқаи варзишӣ оид ба волейболи касбӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт» роҳандозӣ гардидааст. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 феврали соли 2020 ба тасвиб расидааст.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мусобиқаи мазкур дар Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишӣ»- и Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и шаҳри Душанбе доир гардида, барои даъват ва ҷалби дастаҳои волейболи бонувони вазорату идораҳо ва раёсату муассисаҳо муовини раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ» дар ҳамкорӣ бо кумитаи тадорукот, раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи шаҳри Душанбе уҳдадор шудаанд.
Мақсад аз баргузор намудани Мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Модар, рушду равнақи волейбол байни бонувон ва тарғиби тарзи ҳаёт солим миёни онҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки варзиш — гарави саломатӣ ва саломатии миллат шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад.








Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






