Роҳбари СУТ: натиҷаҳои санҷиши доруҳо бар зидди COVID-19 пас аз се ҳафта эълон хоҳанд шуд

Февраль 21, 2020 10:39

ДУШАНБЕ, 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои пешакии санҷиши доруҳо бар зидди коронавируси COVID-19 пас аз се ҳафта эълон хоҳанд шуд. Маълумоти аз Чин расида нишон медиҳанд, ки сироятшавӣ батадриҷ коҳиш меёбад. Вале, вируси нав ҳанӯз ҳам хатарнок буда, имрӯз таҳдиди рақами як ба шумор меравад. Лекин, зоҳиран, давлатҳо инро дарк накарда, ба ҷудо намудани маблағ барои мубориза бо вируси нав ва таҳияи ваксина бар зидди он шитоб намекунанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи панҷшанбе директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус зимни нишасти матбуотӣ дар Женева изҳор намуд.

Тибқи маълумоти рӯзи панҷшанбе, дар Чин тақрибан 75 ҳазор ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, беш аз ду ҳазор нафар вафот кардаанд. Дар 26 кишвари дигар беш аз ҳазор ҳолати сироятёбӣ тасдиқ шудааст. Калонтарин «манбаъ»-и беморӣ берун аз Чин киштии «Diamond Princess» гардид, ки дар бандари Йокогамаи Япония дар ҳолати карантин қарор дорад.

Роҳбари СУТ бори дигар таъкид кард, ки пешгирии паҳншавии минбаъдаи COVID-19 имконпазир аст, аммо барои ин бояд фавран патоген муайян намуд ва барои омӯзиши ҳарчи зудтари вирус, боздории паҳншавии он ва табобати шахсони сироятёфта маблағ ҷудо кард. Ҳамчунин таҳкими дастгирии байналмилалӣ, аз ҷумла дар таҳияи ваксинаҳо муҳим мебошад.

Тедрос Гебрейесус ёдовар шуд, ки СУТ барои иҷрои нақшаи глобалӣ оид ба таъмини омодагӣ ба коронавируси нав ва табобати он, инчунин барои пешгирии паҳншавии он 675 миллион доллар дархост кард. Аммо, давлатҳо барои ҷудо кардани ин маблағ шитоб надоранд.

«Мо метавонем бо як мушкилии ҷиддӣ рӯ ба рӯ шавем. Ман бесабаб нагуфтам, ки ин вирус хеле хатарнок аст ва душмани рақами 1 мебошад, вале онҳо то ҳол онро чунин намешуморанд. Маблағгузории хоксоронаи аксултадбирҳо нишондиҳандаи возеҳи он мебошад», — гуфт роҳбари СУТ ва тазаккур дод, ки бо шарофати чораҳои қатъӣ дар Чин шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ дар тамоми ҷаҳон кам аст, аммо ин маънои онро надорад, ки вазъ дар оянда тағйир намеёбад.

«Маълумоти аз Чин расида нишон медиҳанд, ки шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ батадриҷ коҳиш меёбад. Такрор мекунам: ин тамоюл рӯҳбаландкунанда аст, аммо ҳоло вақти бепарвоӣ нест», — гуфт Тедрос Гебрейесус.

Берун аз Чин 1 076 ҳолати сироятбӣ дар 26 кишвар тасдиқ шудааст. Ҳафт нафари онҳо марговар буданд. Давоми 24 соати охир дар Эрон панҷ ҳодисаи сироятёбӣ аз коронавирус муайян карда шуд.

 

 

 

Февраль 21, 2020 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин