Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
ДУШАНБЕ, 14.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз даҳҳо ҳазор сокинони музофоти Хайнан дар ҷануби Чин бо сабаби наздик шудани тӯфони аввали сол «Шоҳпарак» кӯчонида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «Казинформ» иттилоъ медиҳад.
Бино ба гузориши хабаргузории Синхуа, дар маҷмӯъ 16 ҳазору 561 нафар аз минтақаҳое, ки зери хатари селҳои кӯҳӣ дар музофоти ҷазиравӣ қарор дошатанд, кӯчонида шуданд. Зиёда аз 30 ҳазору 720 киштии моҳигирӣ дар музофот ё ба бандарҳо баргашта ё ба дигар ҷойҳо паноҳ бурда, зиёда аз 40 ҳазор нафар одамоне, ки дар онҳо кор мекунанд, ба соҳил кӯчонида шуданд. Дар ҳоле, ки тӯфони «Шоҳпарак» шиддаташро идома медиҳад, Хадамоти обуҳавошиносии музофот ҳушдори тӯфонро субҳи рӯзи ҷумъа то дараҷаи 3 тамдид кард.
Суръати максималии шамол дар наздикии маркази тӯфон қариб 28 метр дар як сонияро ташкил дод. Тӯфон ба самти шимолу ғарб бо суръати 5-10 км/соат ҳаракат мекунад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






