Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд

Июнь 30, 2025 14:49

ДУШАНБЕ, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва санитария як масъалаи мубрам барои миллиардҳо одамон  дар саросари ҷаҳон боқӣ мемонад. Ин танҳо як нороҳатӣ нест — ин масъалаи ҳаёт ва мамот аст. Дар ин хусус  муовини Комиссари Олии  Созмони Милали  Муттаҳид /СММ/ оид ба ҳуқуқи башар Нада Ал-Нашиф  дар ҷаласаи Шурои ҳуқуқи башар ёдовар шуд.

«Аз об чизи муҳимтаре нест,  аммо беш аз 2 миллиард нафар ба оби ошомиданӣ  ва 3,4 миллиард нафар ба шароити беҳдоштии муносиб дастрасӣ надоранд », — гуфт Нада Ал-Нашиф.

Тибқи иттилои  ӯ, «ҳамасола ҳудуди 1 миллиону 400 ҳазор нафар аз  бемориҳои сироятӣ, ки бар асари оби олуда ва набуди беҳдошт, аз қабили вабо, дарунравӣ ва домана мефавтанд. Гузашта аз ин, мизони фавт дар бархе аз кишварҳои сатҳи даромадашон паст назар ба давлатҳои  пешрафта тақрибан 500 маротиба бештар аст».

Иброз гардид, ки беш аз ҳама дар таъмини об тағйирёбии иқлим таъсири харобкунанда дорад.  Хушксолӣ тӯлонӣ мешавад ва тӯфонҳое, ки инфрасохтори обро хароб мекунанд, пурқувваттар мегарданд. Кишварҳои рӯ ба рушд дар тангнои қарз қарор доранд, аксар вақт воситаҳои сармоягузорӣ ба захираҳои об надоранд, дар ҳоле ки дар кишварҳои пешрафта пули об барои бисёре аз оилаҳо бори тоқатфарсо мегардад.

Ба гуфтаи намояндаи Созмони Милали  Муттаҳид,  ин чолишҳо махсусан барои гурӯҳҳои осебпазир  мушкил мебошад. Одамони дорои маълулият аксар вақт ба ҳоҷатхонаҳои мутобиқшуда дастрасӣ надоранд. Занон ва духтарон ба зӯроварӣ ва хатарҳои саломатӣ дучор мешаванд, ки маҷбуранд барои дарёфти об ё ҷои хусусӣ масофаҳои дурро тай кунанд. Набудани шароити беҳдошт дар мактабҳо духтаронро маҷбур мекунад, ки дар давраи ҳайз аз дарсҳо канорагирӣ кунанд ва таҳсили онҳоро зери хатар мегузорад. Мардуми бумӣ ва сокинони маҳаллаҳои фақирнишини шаҳрҳо эҳтимоли бештар аз манобеи оби олудашуда истифода мекунанд ва бахусус ба офатҳои иқлимӣ осебпазиранд.

«Об неъмати ҷамъиятӣ аст, на мол,- изҳор дошт  Ал-Нашиф ва  афзуд, ки бидуни об ҳуқуқи инсон ба ҳаёт, саломатӣ, ғизо, кор ва муҳити солим зери хатар аст».

Муовини Комиссари Олӣ даъват кард, ки конфронси дарпешистодаи оби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун як фурсат барои муттаҳидсозии иродаи сиёсӣ ва гузоштани ҳуқуқи инсон дар маркази идоракунии захираҳои об истифода шавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 30, 2025 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд