Рустами Эмомалӣ қарорро дар бораи таъсиси гурӯҳи таблиғотӣ имзо кард

Февраль 5, 2020 13:47

ДУШАНБЕ, 05.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ дар пойтахт гурӯҳи таблиғотӣ таъсис ёфт. Намояндагони гурӯҳи мазкур бо  сокинони шаҳр мулоқоту суҳбатҳо доир намуда,  муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  аз 26 декабри соли 2019-ро шарҳ  медиҳанд. Гурӯҳи мазкур ҳамчунин оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ мемонад.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, бо қарори мазкур ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ ва нақшаи вохӯриҳои он дар  пойтахт  тасдиқ гардид. Рустами Эмомалӣ  сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои  пойтахт, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанберо  вазифадор намудааст, ки  вохӯриҳои мазкурро  дар сатҳи баланд  ва  тибқи тартиби муқарраргардида  доир намоянд.

Ҳамчунин ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ муваззаф гардидааст, ки  ба ин  мулоқоту суҳбатҳо  олимону коршиносони соҳаро ҷалб намоянд, то моҳияти масъалаҳои зикршударо бо аҳолии  пойтахт ба таври возеҳ  фаҳмонанд.

Февраль 5, 2020 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад