Рустами Эмомалӣ маблағи зарари расондаи бабри барфиро пурра ҷуброн намуд
ДУШАНБЕ, 06.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Зимистони имсол бабри барфӣ 132 сар чорвои мардумро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нобуд кард. Бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маблағи зарари расондаи бабри барфӣ пурра ҷуброн гардид. Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим ва водии Бартанг сафар намуда, маблағи мазкурро дастраси зарардидагон гардонид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ВМКБ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, аҳолии зарардидаи вилоят аз ин дастгирии Рустами Эмомалӣ хушҳол гардида, изҳори миннатдорӣ намуданд.
«Ин бори аввал нест, ки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба мардуми баландкӯҳи ВМКБ дасти ёрӣ дароз менамояд. Бо дастури Рустами Эмомалӣ Ассотсиатсияи шикорчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои дароз бошандагони ноҳияи Мурғобро бо сӯзишворӣ ва маводи хӯрокӣ таъмин менамояд. Бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе тобистони соли гузашта зиёда аз 200 нафар наврасони вилоят дар лагерҳои фароғатии ноҳияи Варзоб истироҳат намуданд. Ҳамчунин соли гузашта, вақте ки ғафсии барф дар шаҳри Хоруғ ба 1.5 метр расид, Рустами Эмомалӣ барои тоза кардани роҳҳои шаҳр ду техникаи гаронарзиш такдим намуд»,-афзуд манбаъ.
Ба гуфти масъулини вилоят, бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кумаки Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ давоми солҳои 2018 -2019 дар шаҳри Хоруғ се майдончаи замонавии футбол мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки озодапаланг аз ҳайвоноти нодири Тоҷикистон маҳсуб шуда, ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудааст. Дар ҷумҳурӣ ҳудуди зисти ин ҷонвар 86 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, 70 дарсади макони зисти он дар шарқи Бадахшон ҷойгир аст. Ин ҳайвони нодир дар баландиҳои то 5 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ва ҳатто аз он ҳам баландтар сукунат дорад. Ин ҷонвар ба сардии ҳаво тобовар аст, аз ин рӯ онро бабри барфӣ ном мебаранд.
Аммо баъзан ба иллати сербарфӣ ё дар ҳолати пирӣ, ки дигар қувваи шикор кардан надорад, дар ҷустуҷӯи ғизо ба маҳаллаҳои аҳолинишин низ мефарояд.
Чанд соли охир озодапаланг ба маҳалҳои аҳолинишин фаромада, зиёда аз 280 сар чорвои хурдро нобуд кард. Вале мардум онро бо эҳтиёт дастгир намуда, ба ихтиёри кормандони соҳаи ҳифзи табиат супориданд. Фақат дар се моҳи охир 4 сари он дастгир карда шуд ва ба макони махсус, ки аз тарафи ҷамъияти «Барс» ташкил гардидааст, интиқол дода шуданд.
Тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои шикори ғайриқонунии озодапаланг 9 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар гардидаст.








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






