Си Ҷинпин изҳор дошт, ки вазъият дар Чин мураккаб боқӣ мемонад

Февраль 24, 2020 10:06

ДУШАНБЕ, 24.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазъият дар Чин дар заминаи паҳн гаштани коронавируси нав ҳанӯз ҳам мушкил боқӣ монда, мубориза бо ин беморӣ ба марҳилаи буҳронӣ расидааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС  хабар медиҳад, изҳороти мазкурро рӯзи якшанбе Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин  Си  Ҷинпин  дар ҷаласаи Кумитаи  ҳамоҳангсозии рушди иҷтимоию  иқтисодӣ  ва муқовимат бар зидди беморие, ки  тавассути коронавируси нав пайдо шудааст, эълон намуд.

«Вазъияти баамаломадаи сироятӣ ҳамоно мураккаб ва ҷиддӣ  боқӣ мемонад»,-иқтибос меорад суханони Си Ҷинпинро телевизиони марказии Чин. «Пешгирӣ ва  назорати беморӣ дар марҳилаи буҳронӣ  қарор дорад»,- гуфт ӯ.

Раиси ҶМЧ даъват ба амал овард, ки «кумитаҳои ҳизбӣ ва ҳукумат дар тамоми сатҳҳо эътимод ба пирӯзиро ҳифз намоянд, дандон ба дандон  ниҳанд,  аммо  ба фориғболӣ  роҳ надиҳанд ва ҳамоно барои пешгирӣ ва  назорати беморӣ мубориза  баранд».

«Зарур аст, ки тазъиқро ( ба кишвар)  ба неруи мутаҳаррики пешбаранда табдил диҳем, сиёсати аксуламалро комил намоем, неруи бузурги кишварамонро пурра ошкор созем ва барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии (Чин)  соли равон тамоми кӯшишҳоямонро ба харҷ диҳем»,- гуфт Си Ҷинпин.

«Дар роҳи таърихии миллати Чин мушкилиҳои зиёде ҷой доштанд, вале бо вуҷуди ин  чизе онро маҳв карда натавонист, бараъкс, боз  ҳам қавитару  устувортар гашт, дар айёми пуразият ӯ боз ҳам қомат боло намуда, ба мубориза бармехост»,- дар хулоса таъкид намуд раиси  ҶМЧ .

Февраль 24, 2020 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид