Сироҷиддин Муҳриддин: «212 нафар занону кӯдакон аз Сурия ба Ватан баргардонида мешаванд»

Февраль 18, 2020 14:36

 ДУШАНБЕ, 18.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди гуфтушунидҳо дар бораи бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз урдугоҳҳои Сурия ба Ватан идома дорад. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин иброз дошт.

Ба гуфтаи Вазири корҳои хориҷӣ, имрӯз тақрибан 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар урдугоҳҳои Сурия қарор доранд.

«Музокирот барои ба Ватан баргардонидани 212 нафар занону кӯдакон — шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар урдугоҳҳои мухталифи таҳти назорати Ҳукумати расмии Димишқ ва Қувваҳои демократии Сурия мебошанд, идома доранд», — гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Музокирот оид ба баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия инчунин бо ЮНИСЕФ ва Салиби Сурх ба роҳ монда шудаанд.

Февраль 18, 2020 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо аъзои гурӯҳи парлумонии «Олмон ва Осиёи Марказӣ»-и Бундестаги Олмон иштирок кард
Дар Бейрут дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Лубнон баррасӣ шуданд
Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳии Лубнон мулоқот намуд
Дар Кувайт бахшида ба ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо Раиси раёсати ширкати «Agricore Group MMC» мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Полша густариши ҳамкориро баррасӣ карданд
Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алихонов мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Лубнон мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж консерти ҳунармандони Тоҷикистон баргузор гардид