Созмони хонандагони шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ 20-сола шуд

Февраль 26, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба муносибати 20-солагии рӯзи таъсиси Созмони хонандагони шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ маросими гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ сурат гирифт. Ҳамчунин дар ин макони ифтихорӣ  ва рӯзи хотирмон беш аз 150 нафар хонандагони фаъоли пойтахт дар вазъияти тантанавӣ баъди қабули  савганд  ба сафи Созмони мазкур  аъзо гардиданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  дар маросими узвият ба сафи созмони хонандагони шаҳр намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маориф, шуъбаҳои маорифи пойтахт ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳр  иштирок намуданд. Чун анъана гарданбандҳои аъзои нави Созмони хонандагонро  меҳмонон ва собиқадорони соҳаи маориф бастанд.

Имрӯз бахшида ба 20-солагии рӯзи таъсиси Созмони хонандагони шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе»  ҷамъомади тантанавӣ низ баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Созмони талабагони шаҳри Душанбе ба номи Исмоли Сомонӣ шурӯъ аз соли 2000 дар пойтахт ба хотири пешбурди корҳои тарбиявӣ ва ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр  ба кори худидора ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии кӯдакону наврасон фаъолият менамояд.

Мақсадҳои оинномавии Созмони мазкур тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ, парвариши инсони комил, ҷалби хонандагон ба кори худидора, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва ташкили чорабиниҳои фарҳангиву маърифатии дорои хусусияти ватандӯстона барои насли наврас мебошад.

Созмони  мазкур бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 1999 дар ҳамаи намуди муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ таъсис ёфта, ташкили кор, идора ва назорати фаъолияти рӯзмарраи он ба зиммаи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ гузошта шудааст.

Дар шаҳри Душанбе ин вазифаро Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” иҷро намуда, Шӯрои шаҳрии Созмони талабагони пойтахт низ дар зиммаи он фаъолият менамояд. Фаъолияти созмон асосан дар муассисаҳои таълимӣ ба воситаи “Ахтарон” (хонандагони синфҳои 1-4), “Ворисони Сомониён” (хонандагони синфҳои 5-9), ва “Сомониён” (хонандагони синфҳои 10-11) амалӣ гардида, то ҳол шумораи умумии аъзои он дар пойтахт зиёда аз 120 000 нафарро ташкил медиҳад.

Дар тӯли фаъолияти бистсола Созмони талабагон дар шаҳри Душанбе тавонист, ки ба ташкилоти ягонаи муттаҳидкунандаи кӯдакону наврасон табдил ёбад.

Дар ин давра тамоми рукнҳои мустақилияти он муқаррар ва қабул гардиданд. Ҳоло Созмон дорои рамз, байрақ, суруд, галстук  ва нишони сарисинагии узвият  буда, иттиҳодияти муваффақу  барӯманди мактаббачагони пойтахт гардидааст.

       Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Февраль 26, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд