«Судя тақдири инсонро ҳал мекунад, бояд вазифаи муқаддасашро одилона ва аз рӯи виҷдон иҷро намояд»-бардошт аз маросими савгандёдкунии онҳо
ДУШАНБЕ, 08.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии савгандёдкунии 58 нафар номзадҳое, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал ба вазифаи судя таъйин шуданд, баргузор гардид. Мусаллам аст, ки мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъйин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ дар ҷамъомади судяҳо ва назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.
Дар маросими савгандёдкунӣ масъулини Суди Олӣ ва Маркази таълимии судяҳо сухан карда, ба судяҳои навтаъйин дар иҷрои вазифаи масъулиятнок комёбиҳо таманно намуданд.
Таъкид шуд, ки судя тақдири инсонро ҳал мекунад, аз ин рӯ бояд вазифаи муқаддасашро бошарафона, одилона ва аз рӯи виҷдон иҷро намояд. Судя вазифадор аст холисӣ ва беғаразиро риоя карда, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат карда, адолати судиро амалӣ намояд.
Инчунин зикр шуд, ки судяҳо бояд ҳамеша суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ёд дошта бошанд, ки гуфтаанд: «Судяҳо ҳангоми иҷрои вазифа дар ҳама ҳолат бояд шаъну шарафи судяро нигоҳ дошта, ваколатҳояшонро бо маҳорати баланди касбӣ анҷом диҳанд ва ба халқу Ватан содиқонаву беғаразона хизмат намоянд».
Дар анҷоми маросими савгандёдкунӣ ба судяҳои навтаъйин барои пурсамар гардидани фаъолияти кориашон адабиёти ҳуқуқӣ тақдим гардид.








Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид
Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Натиҷаҳои амалишавии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад
Умед Бобозода ва Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ масоили ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






