ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 феврал, чоршанбе, 43-юмин рӯзи соли 2020 аст

Февраль 12, 2020 08:00

12 феврали соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори Конфронси байналмилалии сулҳ ва ризоият ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон сафар карданд.

***

7 сол пеш, 12 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе  дар мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Мудирияти Бонки рушди Авруосиё Игор Финогенов вазъи вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи молиявӣ, аз ҷумла, рӯзномаи мизи мудаввари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Авруосиё баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 ҳунармандони беҳтарини Тоҷикистон маснуоти худро дар Намоиши байналмилалии чоррӯзаи молҳои истеҳсолӣ дар шаҳри Франкфурти Германия ба намоиш гузоштанд.

12 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии агентиҳои ақди никоҳ.

***

Дар ИМА – Рӯзи миллии озодии ақди никоҳ.

 РӮЙДОДҲО:

 12 феврали соли 2010  дар шаҳри Душанбе Протокол дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноат миёни Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Беларус ба имзо расид.

***

12 феврали соли 2018 масъалаи рушди муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон  ва Қатар муҳокима гардиданд.

***

202 сол муқаддам, 12 феврали соли 1818 Чили истиқлолияти худро эълон кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1950 Иттифоқи аврупоии радиошунавонӣ (Евровидение) таъсис дода шуд.

***

12 феврали соли 1992 дар Алмаато Протокол оид ба барқарор намудани муносиботи дипломатии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба имзо расид.

***

12 феврали соли  2010 дар шаҳри Ванкувери Канада Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ ифтитоҳ гардида, 28 феврал ба анҷом расиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 2010 дар Вашингтон аввалин машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардиданд.

 Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Февраль 12, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш