Теъдоди сироятёфтагони коронавируси нав дар Ҷумҳурии Корея ба 893 нафар расид

Февраль 25, 2020 11:45

ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.   Теъдоди  сироятёфтагони  намуди нави коронавирус дар Кореяи Ҷанубӣ 60 нафар афзуда, 893 нафарро ташкил дод. Дар ин бора рӯзи сешанбе аз Маркази назорати бемориҳо ва пешгирии Вазорати тандурустии мамлакат иттилоъ доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАССҚаблан мақомот дар бораи 833 сироятёфта ва ҳафт нафар фавтида маълумот дода буданд.

Дар чанд рӯзи охир теъдоди беморони сироятёфта дар Ҷумҳурии Корея якбора афзудааст. Дар робита ба ин 23 феврал Ҳукумати мамлакат тасмим гирифт, ки оғози соли хониш дар мактабҳоро як ҳафта ба таъхир гузорад, ки он 9 март оғоз меёбад.Авҷи беморӣ бо пайдошавии коронавируси нав (2019-nCoV) охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри серодамтарини Чин — Ухани 12- миллионнафара  ба қайд гирифта шуд.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ онро ҳолати фавқулодаи миқёси байналмилалӣ эътироф карда, ҳамчун эпидемия бо паҳншавии намудҳои гуногун арзёбӣ кард.

Берун аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дар 32 давлат, аз ҷумла дар Россия ҳолатҳои сироятшавӣ ошкор карда шуданд. Мақомоти Чин дар мамлакат 2 663 фавтро сабт карданд, беш аз 27,2 ҳазор нафар шифо ёфтанд, шумораи шахсони сироятёфта аз вақти  паҳншавии вирус зиёда 77,6 ҳазор нафар ташкил дод.

Февраль 25, 2020 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд