Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» – и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб», инчунин байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти мусофирбари шаҳри Хуҷанд» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд» созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд.
Созишномаҳои мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Намояндаи доимии Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова ба имзо расониданд.
Маблағи умумии созишномаҳои ба имзорасида 7 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 5 млн. доллар аз ҳисоби маблағҳои грантии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ (SECO) барои татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд» ва 2 млн доллар барои татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» аз ҳисоби маблағҳои грантии Иттиҳоди Аврупо равона мегардад.
Мақсади асосии Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб»- ин ҷорӣ намудани технологияи муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ, усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, беҳтаргардонии вазъи санитарӣ ва экологии шаҳри Кӯлоб мебошад.
Ҳадафи Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд»- ин беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд буда, дар доираи он харидории автобусҳои замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.









Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






