ВАО: дар Афғонистон 13 нафар кӯдакон аз бемории номаълум вафот карданд

Февраль 7, 2020 11:18

ДУШАНБЕ, 07.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар вилояти Бадахшони Афғонистон на кам аз 13 нафар кӯдак аз бемории аломатҳояш монанд ба илтиҳоби шуш (пневмония, — шарҳи АМИТ «Ховар») вафот карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии Афғонистон «TOLO news» хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, давоми се рӯзи охир дар ноҳияи Юмгони вилояти Бадахшон на кам аз 13 нафар наврасон аз бемории монанд ба илтиҳоби шуш вафот кардаанд.

Дар навбати худ «Арменпресс» бо истинод ба ТАСС хабар додааст, ки ҳанӯз аз мақомоти Афғонистон дар бораи сабаби беморӣ ва марги кӯдакони афғон дар Юмгон ягон иттилоъ нарасидааст.

Февраль 7, 2020 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд