Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс иштирок мекунанд

Февраль 26, 2020 15:50

ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар ҳайати 15 нафар, аз ҷумла 12 варзишгар дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус иштирок мекунанд. Мусобиқаи мазкур аз   3  то 11 март дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун баргузор мешавад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

«Масъулияти баргузории мусобиқа пас аз он ки эътирофи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муваққатан аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бозхонд шуд, ба дӯши гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ вогузор шудааст. Дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон) сурат мегирад, 250 нафар варзишгарон аз 40 давлат барои 41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни бонувон талош мекунанд»,-афзуд манбаъ.

Дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар ҳайати зерин аз 29 феврал то 12 март  ба шаҳри Аммони Урдун сафарбар мегардад:

1. Қосимова Сумайя (-51кг)
2. Самадова Миҷгона (-57кг)
3. Зулқайнарова Шоира (-60кг)
4. Бобоёрова Нилуфар (-69кг)
5. Сабзалиев Шуҳрат (-52кг)
6. Сагизов Бахтовар (-57кг)
7. Усмонов Баҳодур (-63кг)
8. Мамадалиев Шералӣ (-69кг)
9. Мирзомуҳаммади Бахтиёр (-75кг)
10. Негматуллоев Шаббос (-81кг)
11. Болтаев Давлат (-91кг)
12. Зуҳуров Сиёвуш (+91кг)

Бояд зикр кард, ки варзишгаронро сармураббии дастаи мунтахаб оид ба бокс Мирзо Шамсиев, мураббиён Парвиз Ахмедов ва Аббос Негматуллоев ҳамроҳӣ мекунанд.

Тибқи низомнома, дар қораи Осиё/Уқёнус миёни бонувон дар вазни -51кг 6 нафар, дар вазнҳои -57кг, -60кг, -69, -75кг 4-нафарӣ, миёни мардон  дар вазнҳои -52кг, -57кг, -63кг 6-нафарӣ, дар вазнҳои -69кг, -75кг, -81кг 5-нафарӣ ва дар вазнҳои -91кг, +91кг 4-нафарӣ ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд.

Ҳамчунин варзишгарон дар мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳон, ки 13-20 май дар шаҳри Парижи Франсия доир мегардад, барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд. Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ низ дар ҳар вазн аз 3 то 6 роҳхат дода мешавад.

Февраль 26, 2020 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд