ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Марҳилаи аввали он дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ оғоз мешавад

Февраль 25, 2020 16:36

 ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷумҳурӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад. Фестивали мазкур дар 3 марҳила доир шуда, марҳилаи  аввал моҳи март  ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ   дар сатҳи шаҳру ноҳия ва марҳилаи дуюми он  моҳи май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон- 23 май дар сатҳи минтақа ва вилоят доир  мешавад. Дар ин бора  аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, марҳилаи сеюм ва ҷамъбастии Фестивал моҳи сентябр ба ифтихори 29 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2016 баргузор шуда, мақсад аз он таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ, рушди намудҳои миллии варзиш ва таъмини солимии миллат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали мазкур аз  ду намуд: сабқат — рақобати даставӣ ва бозиҳои намоишӣ  иборат буда, ба гурӯҳи сабқат ва рақобати даставӣ  8 намуд бозӣ ва ба гурӯҳи намоишӣ  10 номгӯй бозӣ дохил мешаванд.

Февраль 25, 2020 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд