АФСАРИ МАҚОМОТИ ГУМРУК: «Фаъолият дар мақомоти қудратӣ аз зан масъулият, иродаи қавӣ, таҳаммул ва матонат талаб мекунад»

Март 7, 2020 09:26

ДУШАНБЕ, 07.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Модар муқаддастарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо дар канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба камол мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстӣ  меомӯзем. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти фарзанд аст. Ӯ дар ин мактаб тарбия ёфта, муттакои волидон мегардад. Модар пайваста дар ёди фарзанд аст. Намехоҳад ба пойи ӯ хоре халад. Тансиҳатӣ, зиндагии осуда ва хушбахтии фарзандро дида, аз шодӣ меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо ва беназир дорад модар…

Дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар хабарнигори АМИТ «Ховар» тасмим гирифт аз рӯзгор ва фаъолияти бонувони пешоҳанги вазорату идораҳои мамлакат мавод таҳия намуда, манзури хонандагони арҷманд намояд.     

Ин навбат ба саволҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА  сарнозири қисми махсуси Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники Хадамоти гумрук Дилором ҶОБИРОВА посух мегӯяд.

АМИТ «Ховар»: Дар бораи мақоми  зан — модари тоҷик дар ҷомеа  чӣ  андеша доред?

Д. Ҷобирова: Дар яке аз ҳадисҳои худ Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) мефармояд: «Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан». Ба ин маънӣ, ки агар занону модарон дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд, инсоният ба саодат мерасад.

Модарон ҳамчун офарандаи ҳаёт ва тарбиятгари фарзандон дар ҷомеаи имрӯза аз мақому манзалати хос бархурдор мебошанд. Аз ҷумла, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ғамхорӣ дар ҳаққи занон ва ҳарчӣ бештар ҷалб намудани онҳо ба корҳои роҳбарӣ дар мақомоти гуногуни давлатию ҷамъиятӣ баъд аз ба тасвиб расидани Фармони махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», қабули Стратегия ва барномаҳои давлатӣ марҳилаи тозаеро дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва ҷалби бештари занон ба ҳаёти ҷамъиятӣ оғоз бахшид.

Бо шарфоати чунин ғамхорӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо занон дар баробари мардон дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда, барои  пешрафти ҷомеаи Тоҷикистони муосир, аз ҷумла рушди иқтисодиёт ва таъмини буҷети мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Рисолати занону модарон дар баробари саҳмгузорӣ дар рушду нумуи мамлакат пойдории Ваҳдати миллӣ, ободии хонадон, инчунин тарбияи насли наврас ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо мебошад.

АМИТ «Ховар»: Оё  барои  зан — модари тоҷик ҳам  фаъолият дар  мақомот ва ҳам  тарбияи фарзандон ва нигоҳдории оила мушкил нест?

Д. Ҷобирова: Бузургии зан-модар ҳам дар ҳамин аст, ки бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд ин рисолатро ба хубӣ ба анҷом мерасонад. Зан-модари тоҷик ба фарзанди худ истиқлоли фикрӣ, шахсӣ, вобаста набудан аз шахси дигарро омӯзонидааст. Маҳз ҳамин эҳсос абармардони миллатро ба давлатсозию истиқлолиятхоҳӣ равона сохтааст. Модарон дар ҳама давру замон илҳомбахши фарзандони фарзонаи худ буданд. Онҳо эҳсоси боварӣ ба зарурати сулҳу оштӣ, ба ояндаи дурахшони миллатро дар қалби фарзандони худ ҷой карда, машваратчии беғараз буданд. Зеро ба амри дилу имон гӯш дода, ба сулҳу осоиш, ҳамдигарфаҳмӣ ва фарҳанги баланди ҳамзистии фарзандон ва аҳли ҷомеа афзалият медоданд.

Модарон ҳамеша аз истиқлол меболанд, аз истиқлоли фарзанд, ки ба ҳаёти мустақил устуворона қадам ниҳода, аз истиқлоли фитрию зеҳнии аҳли ҷомеа, ки талоше барои рушду субот доранд ва истиқлоли давлатӣ, ки асоси сулҳу оромиш ва кафили ояндаи дурахшони ҳамватанон аст.

Модар, воқеан, нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид».

Заҳматҳои беназири зан — модар дар ҳаққи фарзанд, инчунин ба хотири ободиву оромии мамдакат моро водор месозад, ки қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ба ҷо орем ва барояш шароити мусоиде омода созем, ки дар баробари фаъолияти созандааш фарзандони солиму соҳибмаърифатро тарбия намояд.

АМИТ «Ховар»: Ба андешаи Шумо дар кадоме аз ин давраҳо занону модарон мақоми болотару беҳтар доштанд: даврони Шӯравӣ ва ё замони соҳибистиқлолӣ?

Д. Ҷобирова: Дар ҳар давру замон инсон бояд мавқеи худро муайяну мушаххас намояд. Мо хуб медонем, ки пеш аз садаи ХХ занон талош  мекарданд, ки озод бошанд ва Иттиҳоди Шӯравӣ ин орзуи занонро пиёда намуда, барояшон шароит фароҳам овард, ки дар радифи  мардон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат ҳиссагузор бошанд.

Солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки барои беҳбудии вазъи занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд.

Аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз бо мақсади таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» баҳри аз байн бурдани мушкилоти гендерӣ оид ба нақши зан дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.

Таҳия, қабул ва амалигардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар дар самти беҳдошти вазъи занон, аз ҷумла Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 ва Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ нисбати занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон мусоидат намуданд. Қабули қонуну қарорҳои мазкур дар даврони соҳибистиқлолӣ ба занон дари бахту саодатро боз намуда, барои фаъолияти босамари онҳо заминаи воқеӣ гузошт.

Мояи ифтихор аст, ки имрӯз зан-модари тоҷик дар радифи мардон дар сохторҳои қудратӣ бо иродаи қавӣ ва сарбаландона фаъолият дошта, дар таъмини суботу амнияти мамлакат, ободии сарзамини аҷдодиамон хизмати арзанда менамоянд.

Айни замон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 100 нафар занону модарон софдилона хизмат намуда, дар таъмини амнияти иқтисодии давлат саҳми босазо мегузоранд.

АМИТ «Ховар»: Кадом лаҳзаи ҳаётро мехоҳед пайваста ба ёд ореду изҳори шодмонӣ  кунед?

Д. Ҷобирова: 29 августи соли 2019 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Дар қатори намояндагони касбу кори гуногун ман низ сазовори медали «Хизмати шоиста»  гардидам ва қадрдонии Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маро рӯҳбаланд гардонида, барои фаъолияти минбаъдаам дар ин сохтори қудратӣ илҳоми тоза бахшид. Аз ин рӯ, ин рӯз бароям рӯзи фаромӯшнашаванда ва пурфтихор мебошад.

АМИТ «Ховар»: Хонашин будани зан маънои бесаводиро надорад. Тафовут миёни занону духтарони маълумоти олидор ва бемаълумот, фарқ миёни занони хонашин ва коргар аз нигоҳи Шумо?

Д. Ҷобирова: Хонашин будани занҳо маънои онро надорад, ки онҳо комилан бесавод ҳастанд. Занҳои хонашин низ дар ҷомеа рисолати худро доранд. Онҳо барои таълиму тарбияи фарзандонашон ҳиссаи босазое намуда, барои пойбарҷоии оила ва ободиву осоиши хонавода хизмати арзанда мекунанд. Шароити созгор фароҳам меоваранд, то ҳамсару фарзандонашон рисолати худро сари вақт иҷро намоянд.

Дар баробари ин хуб мебуд духтарон ба таҳсил фаро гирифта мешуданд. Зеро зани босавод метавонад фарзанди солеҳ ва босавод тарбия намуда, ҳангоми зарурат худ ва фарзандонашро аз лиҳози иқтисодӣ таъмин намояд. Аз нигоҳи ман тафовут миёни занони маълумоти олидор ва бемаълумот дар он аст, ки занҳои коргар дар баробари пешбурди ҳаёти оилавӣ, дар корхона низ масъулияти бештар доранд ва вазифадоранд ин рисолати хешро дар назди Ватан  иҷро намоянд.

АМИТ «Ховар»: Мегӯянд фазои хонаро зан месозад, дар оилаатон  муҳити  орому таскинбахшро Шумо чӣ тавр таъмин менамоед?

Д. Ҷобирова: Нақши зан дар пойдории оила, таъмини осудаҳолӣ ва танзими сарфу харҷи он бениҳоят калон аст ва аз ҳар як зан фарҳанги волои сариштакорӣ ва рӯзгордориро тақозо менамояд. Хираду наҷобат ва бузургии зан дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои мухталифи ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ ва ҳидоятгари некуву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Аз ин лиҳоз, осудаҳолии зиндагӣ ва хушҳолии аҳли байт марбут ба зан буда, барои расидан ба орзуву ниятҳои нек бояд пайваста талош варзид.

АМИТ «Ховар»: Барои зан  фаъолият дар мақомоти қудратӣ душвор нест? 

Д. Ҷобирова: Ягон кори дунё бе мушкилӣ намешавад, хусусан фаъолият  дар  мақомоти қудратӣ осон набуду нест ва на ҳар нафар метавонад аз уҳдаи он барояд. Фаъолият дар сохтори қудратӣ аз зан масъулият, таҳаммул, иродаи қавӣ, ҷасурию матонат ва донишу таҷриба талаб менамояд. Аз он шукргузорӣ менамоям, ки зарфи 26 сол  аст, ки ба ҳайси афсар дар мақомоти  гумрук фаъолият дорам  ва дар таъмини амнияти иқтисодии давлатамон чун дигар ҳамкасбон саҳми худро мегузорам.

АМИТ «Ховар»: Дар ин рӯзи фархунда ба модарони тоҷик чӣ таманно доред?

Д. Ҷобирова: Зиндагии мо худ каломи мавзун аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи мубораки он ҳусни анҷом мепазирад. Бузургиву шаҳомати ӯро ба назар гирифта, модарро тимсоли Ватан медонанд. Ҳамду сано ба зан — модар, ки муҳаббаташ интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ӯст. Бо истифода аз фурсати муносиб модарону хоҳарони меҳрубонро бо ҷашни пуршукӯҳ — Рӯзи Модар шодбош гуфта, барояшон рӯзгори пур аз баҳор ва сарбаландӣ орзу дорам.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Март 7, 2020 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд