ҲАЗОРИСПАНД МЕТАВОНАД АЗ КОРОНАВИРУС МУҲОФИЗАТ НАМОЯД. Чунин изҳор дошт муовини директори Институти байналмилалӣ оид ба ваксинаҳои назди СММ Михаил Фаворов
ДУШАНБЕ, 13.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Растании ҳазориспанд, ки аслан дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ мерӯяд ва аз қадим барои ҳифозат аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ истифода бурда мешуд, шояд яке сабабҳои он гардида бошад, ки дар ҳудуди ин минтақа то ҳол ягон ҳолати сироятёбӣ аз вируси тоҷдор (ё худ коронавирус, COVID-2019) ба қайд гирифта нашудааст. Ин нуктаро 13 март дар шаҳри Тошканд табиб-эпидемиологи машҳур, муовини раиси кулли Институти байналмилалӣ оид ба ваксинаҳои назди СММ, профессор Михаил Фаворов (ДАР АКС) зимни як лексия, ки ба нишасти матбуотӣ табдил ёфт, баён дошт. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии Sputnik иттилоъ медиҳад.
Бино ба суханони профессор Фаворов, кишварҳое ҳастанд, ки дар онҳо то ҳол ягон ҳолати сироятёбӣ аз COVID-2019 ба қайд гирифта нашудааст ва ба ин қатор, пеш аз ҳама, кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дохил мешаванд.
ДАР АКС: гармала (Peganum harmala) ё ҳазориспанди тоҷикӣ
«Мо якҷо бо ҳамкасбонамон дурудароз андеша кардем, ки сабаби ин дар чӣ бошад: шояд ҳавои хушк ё иқлими махсус ва ё ҳазориспанд (исриқ) боис гардида бошад, рустание, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ мерӯяд ва аз қадим мардуми ин минтақа онро барои ҳифозат аз ҳар гунна бемориҳои сироятӣ истифода мебурданд…», — иброз дошт Михаил Фаворов.
Зиёда аз ин, тавре профессор хотиррасон намуд, чандин аср пеш аз ин табиби машҳур Бӯали Сино ҳам ба одамон тавсия дода будааст, ки ҷиҳати дафъи ҳар гунна бемориҳои сироятӣ манзили зисташонро бо ҳазориспанд дуд диҳанд.
Дарвоқеъ, ҳазориспанд ва ё Сипанд — гиёҳи хеле машҳури мардуми Машриқзамин аст, ки дар тибби халқӣ аз замонҳои Абӯалӣ ибни Сино ва ҳатто пештар аз он машҳур будааст. Сипанд ва тухми он барои бемориҳои гуногун давои хубест. «Ҳазориспанд» маънии «ба ҳазор дард даво»-ро дорад. Гиёҳи хушккардаи онро мардум барои дафъ кардани чашми бад дуд мекунанд. Аз ин рӯ, бо мақсади дур кардани ҳама қувваҳои бадӣ дар хони наврӯзӣ сипанд низ гузошта мешавад.











Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






