Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ аз вуруди коронавирус кумак расонида шуд

Март 17, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 17.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон таҷҳизоти муҳофизатӣ, аз қабили 6000 маҷмӯи якмасрафа, 5000 либоси якмасрафа, 15000 дастпӯшак, 6500 респиратор, 1500 ҷуфт мӯзаи обногузар, таҷҳизот барои пешгирӣ ва дигар лавозимоти зарурии санитарӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус тақдим карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба «Ховар» хабар доданд.

Дар маросими супоридани  мавод ва таҷҳизоти мазкур  муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода,  роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Уолбурга Росс, роҳбари Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Лучано Калестини ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода аз дастгириҳои пайвастаи  Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон нисбат ба соҳаи тандурустии мамлакат ёдовар шуда, тақдими мавод ва таҷҳизоти тиббиро идомаи ҳамкории мутақобилан судманди вазорат бо  ин ду ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ арзёбӣ ва ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуд.

Зикр гардид, ки бо назардошти вазъи кунунии сирояти коронавирус дар ҷаҳон  мавод ва молҳои зикршуда барои пешгирии вируси мазкур метавонанд кумак расонанд.

Хушбахтона, то кунун сирояти коронавирус дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Вале  новобаста ба ин, чораҳои амалӣ ҷиҳати пешгирии вуруди сирояти мазкур ба мамлакати мо пурзӯр карда мешаванд.

Март 17, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд