БОКС: ҳарифони варзишгарони тоҷик дар даври аввали мусобиқаи интихобии олимпӣ маълум шуданд
ДУШАНБЕ, 03.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Аммони Шоҳигарии Урдун мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс шурӯъ гардида, то 11 март идома меёбад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, шоми дирӯз маросими қуръакашии мусобиқа доир гардид ва муштзанҳои мо ҳарифонашонро дар даври аввал шинохтанд. Миёни мардон имрӯз, 3 март нахуст дар вазни 75кг Мирзомуҳаммад Бахтиёр бо варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҷинҷеа Ким, 4 март дар вазни -52кг Шуҳрат Сабзалиев бо варзишгари Муғулистон Енхмандах Хархуу, дар вазни -69кг Шералӣ Мамадалиев бо Нурсултон Маматалӣ аз Қирғизистон, 5 март дар вазни -63кг Баҳодур Усмонов дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Арген Қодирбек уулу (Қирғизистон)/Санил Шаҳӣ (Непал), дар вазни -81кг Шаббос Негматуллоев дар даври дуюм бо Файзуллоҳ Аюбӣ аз Афғонистон, 6 март дар вазни -91кг Давлат Болтаев бо Эрденебайар Сандагсурен аз Муғулистон, дар вазни +91кг Сиёвуш Зуҳуров бо Леуила Мауу аз Зеландияи Нав ва 7 март дар вазни -57кг Бахтовар Сагизов дар даври дуюм бо Синг Йу Тсо аз Ҳонгконг рақобат мекунанд.
Миёни бонувон 4 март дар вазни -57кг Миҷгона Самадова дар даври дуюм бо Ский Николсон аз Австралия, дар вазни -60кг Шоира Зулқайнарова дар даври аввал бо Йеонҷӣ Оҳ аз Кореяи Ҷанубӣ, 6 март дар вазни -69кг Нилуфар Бобоёрова бо Байсон Маникон аз Тайланд, 7 март дар вазни-51кг Сумайя Қосимова бо Реим Ҳамдан Мансур Ал-Мриҳел аз Урдун қувва месанҷанд.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон) сурат мегирад, 250 варзишгар аз 40 давлат барои 41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни бонувон талош мекунанд. Тибқи низомнома, дар қораи Осиё/Уқёнус миёни бонувон дар вазни -51кг 6 нафар, дар вазнҳои -57кг, -60кг, -69, -75кг 4-нафарӣ, миёни мардон дар вазнҳои -52кг, -57кг, -63кг 6-нафарӣ, дар вазнҳои -69кг, -75кг, -81кг 5-нафарӣ ва дар вазнҳои -91кг, +91кг 4-нафарӣ ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд.








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд






